Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба зери пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз пас аз анҷоми маросими расмии қабул ва мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳарду кишвар ба назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташриф оварда, ба зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо овард.

 

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковиндро муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.