Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

 

«Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад».
Эмомалӣ Раҳмон

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла, Парчам қабул гардид.
Имрӯз, мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро ба ёд меорем, зеро он айём барои халқу миллат рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ, ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, оғози марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 Фармони рӯзи 24-уми ноябрро эълон доштани рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонд.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ ғояи бунёди манораи бузурги Парчам аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида, 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
Таҷлили имсолаи ҷашнвораи фархундаи Рӯзи Парчам бо рўйдоди муҳими сиёсӣ- дар фазои мутантани ба истифода дода шудани агрегати якуми иншооти азими аср-НБО Роғун тавъам омада, хурду бузурги кишвар аз ин рӯйдодҳои тақдирсоз фараҳманд ва ба ояндаи дурахшони миллату давлат назари неку комил доранд.
Аз ин ҷост, ки Парчам ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, нишони истиқлолияту ваҳдат ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангдӯст, муаррифгари давлату халқият буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзар ҳаммароми «Дирафши Коваён» аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзамини тоҷикон башорат медиҳад.
Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сўи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баланди пояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.
Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқ мебошад.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти ватан чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наврасону ҷавонон, ба созандагони ватан талқин намоем.
Ба хотири ҷашнвораи рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи ҳамватанон саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ таманно менамоем.
Бигузор, Парчами Тоҷикистон доимо дар болои сари давлату миллат парафшон ва сулҳу оромӣ пойдор бошад!