Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

ҶАШНИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ВА АКСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗӮРОВАРӢ”

 

24 ноябри соли равон дар Муассисаи Душанбе-мол (Ашан) бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, Барномаҳои СММ дар Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, гирандагони гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ, 70-солагии Эъломияи ҳуқуқи башар ва Аксияи байналмилалӣ “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ”, ки бо пешниҳоди СММ ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар кишварҳои аъзои СММ ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Мархабо, Ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон Пратиба Мехта инчунин, ҳофизи шинохта Тобиш Ҳилолов (бо суруди Қасам, Парчам), хонандагони муассисаҳо, донишҷӯён, мизоҷони Душанбе-мол, Федератсияи намудҳои варзиши ҷумнастики Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи миллии Таэквандо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуданд.
Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ вобаста уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ ва тавсеаи имкониятҳои занон, фаъол намудани механизмҳои таъмини саводнокии ҳуқуқӣ ва ҷалби иҷтимоии занон, бо назардошти ҳуқуқҳои занони деҳот, баланд бардоштани нерӯ ва ҳассосияти гендерии ҷавонон, шаҳрвандон саволу ҷавоб намуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ҳадафи чорабинӣ – истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ, ҳурмату эҳтироми фарҳанги миллӣ, огоҳии ҷавонон аз масоили баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои занону духтарон маҳсуб ёфта, инчунин ҷиҳати иҷрои Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи Миёнамуҳлати Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 маҳсуб меёфт.