Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

ҲАМКОРӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ

 

26 ноябри соли равон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо СММ-Занон мизи мудаввар вобаста ба Аксияи байналмилалии “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ нисбати занон” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, Барномаҳои СММ дар Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор намуд.
Қобили қайд аст, ки бо пешниҳоди СММ ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар кишварҳои аъзои СММ Аксияи байналмилалии мазкур ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ масъалаҳо вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занону духтарон, таъмини баробарии гендерӣ ва имкониятҳои занон, фаъол намудани механизмҳои таъмини саводнокии ҳуқуқӣ ва ҷалби иҷтимоии занон, бо назардошти ҳуқуқҳои занони деҳот, баланд бардоштани нерӯ ва ҳассосияти гендерии ҷавонон, шаҳрвандон баррасӣ гардиданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ огоҳӣ аз механизми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои сарвари кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои занону духтарон, мубориза зидди зӯроварӣ нисбати занону духтарон маҳсуб меёфт.
Дар робита ба ин, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шариконӣ рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромадҳо намуда, вобаста ба масоили мазкур пешниҳодҳо манзур намуданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур, ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи Миёнамуҳлати Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” маҳсуб меёбад.