Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

«Вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон»

 

Кумита бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои пешвои Муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар асоси Нақшаи тасдиқнамудаи Раиси кумита вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандустиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии вайроншавии оилаҳо, вохуриро дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва зиёда аз 200 нафар донишҷӯён баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои кумита ва собиқадорон аз ҳисоби устодон, ки таҷрибаи хеле калон доранд, суханронӣ намуда, вобаста ба пойдории сулҳу суботи комили Тоҷикистон, қадршиносии муқаддасоти миллӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии насли ҷавон, эҳсос намудани маъулияти ҷиддӣ дар раванди муносибатҳои оиладорӣ, бетараф набудан дар пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили терроризм, экстремизм ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ таъкидҳо намуданд.
Чунин суҳбату вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ идома дорад.