Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

1 декабр — Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО: бо оғози саривақтии истеъмоли доруҳо ва муносибати ҷиддӣ ба он имрӯз ин беморӣ идорашаванда аст

 

«Танҳо дар мамлакати мо аз бемории Вируси норасоии масунияти одам, ки ду – се даҳсола пеш дар байни мардумамон умуман вуҷуд надошт, дар бист соли охир қариб 2500 нафар фавтидаанд». Ин нуктаро чанде пеш дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд.

Бояд гуфт, ки Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сол ба сол ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил меёбад. Баҳри пешгирии ин беморӣ ҳамасола 1 декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО-Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ин сана аз соли 1996 инҷониб бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) баргузор карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мекунад. Баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО дар Тоҷикистон корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд. Ҳадафи асосии Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, ВНМО системаи иммунитети шахсро заиф карда, онро барои солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад.

Бояд гуфт, ки ВНМО тавассути хун, алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамъизнашуда, инчунин аз модари сироятёфта ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбобҳои тиббии тамъизнашуда ва ширмакконӣ мегузарад.

Бояд донист, ки ВНМО тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ВНМО (ВИЧ)» Дилшод Сайбурҳонов иброз дошт, барои сари вақт огоҳ шудан аз ин беморӣ ҳар як шахс бояд ҳадди ақалл дар як сол як маротиба аз ташхис гузарад.

Хушбахтона, имрӯз барои қавӣ нигоҳ доштани системаи иммунитети бадани одамоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, дар мамлакат маводи дорувории босифат мавҷуданд. Бо оғози саривақтии истифодаи доруҳо ва ҷиддӣ риоя намудани он ВНМО имрӯз идорашаванда аст.

Як нафар ҷавонписари сокини Душанбе, ки зимни суҳбат номашро ифшо накард, иброз дошт, ки ӯ чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашт. Волидайн ӯро хонадор карданӣ шуданд, вале ҳангоми гузаштани ташхиси пеш аз никоҳ маълум гардид, ки ӯ ба ин вирус мубтало гардидааст.

«Баъд аз маълум гаштани ин беморӣ ростӣ рӯҳафтода шудам. Барои пайдо кардани маълумоти бештар оид ба он ба мутахассисони тиб муроҷиат кардам. Баъд аз суҳбатҳои тӯлонӣ барои худ маълумоти зиёде гирифта, фаҳмидам, ки ҳангоми сари вақт муроҷиат кардану истеъмол намудани дорувориҳо ман метавонам ин бемориро дар як ҳолат нигоҳ дорам ва мисли нафарони солим зиндагии худро идома диҳам»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд зикр намуд, ки чунин қиссаҳо зиёданд, аммо боиси таассуф аст, ки бештари гирифторони ин беморӣ сари вақт аз он огоҳ намешаванд ё баъд аз фаҳмидани бемории худ аз тарси зиёде, ки ҷомеа онҳоро қабул намекунад, аз табобат даст мекашанд.

Имрӯзҳо тамоми дорувориҳои зидди ретровирусӣ дар ҶТ дастрасанд ва онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ройгон ба роҳ монда шудааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба ин беморӣ метавонед ба телефонҳои боварии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам- 234 22 24 занг занед.