Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

НАРГИС ШАРИФЗОДА: «СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ». Суҳбати АМИТ «Ховар» бо Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Душанбе роҷеъ ба нақши бонувон дар хуррамӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии шаҳр

 

Дар ҳақиқат ба Раёсати мо занону духтарони зиёд муроҷиат менамоянд. Дар бештари муроҷиатҳо бонувон дар мавриди таъмини онҳо бо ҷойи кор кумак мехоҳанд. Бояд зикр кард, ки дар 11 моҳи соли равон 11 794 нафар занон бо ин масъала ба мо муроҷиат намудаанд. Аз ин теъдод 3707 нафар занон бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 934 нафар зиёд мебошад. 1755 нафар бонувонро бо мақсади дар оянда таъмин намудан бо ҷои кор ба муассисаҳои дахлдори таълимӣ барои касбомӯзӣ равона намудем. Ба теъдоди боқимондаи муроҷиаткунандагон тавсия дода шуд, ки барои такмили ихтисос, омӯзиши касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд. Масъулини Раёсат тасмим доранд, ки дар оянда бо мақсади таъмини ҳар чи бештари занон бо ҷои кор бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳамкории зич ба роҳ монанд. Хусусан барои таъмини занон бо корҳои хонагӣ, ки аксари занони ҷавон бо сабаби доштани фарзандони ноболиғ ба он эҳтиёҷ доранд, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо ин мақсад ба ҳунаромӯзии занону духтарони ҷавон афзалият дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 барои ба касбомӯзию ҳунармандӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва таъмини онҳо бо шуғл, бахусус барои занону духтарон имкониятҳои зиёд фароҳам овард. Раёсат дар ин самт як зумра тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, бо ин мақсад конференсияву ҳамоишҳо таҳти унвони «Рушди ҳунарҳои мардумӣ –асоси рифоҳи иқтисодии оила», «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – омили даромади буҷети оила», «Мавқеи занон дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳунарҳои мардумӣ – тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Коркарди сангҳои ороишӣ ва ранга дар шароити хона яке аз самтҳои афлиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оила ва рушди ҳунарҳои мардумӣ: ҳамкории муассир барои ояндаи пешрафта», «Нақши ҳунар дар таҳаввулоти зиндагии башар» доир шуданд, ки дар онҳо миёни коршиносону муҳаққиқон машваратҳои илмӣ-таҳлилӣ сурат гирифта, мақсади асосии онҳо дарёфти роҳҳои самараноки бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, махсусан занону ҷавондухтарон мебошанд.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе соли равон чандин маротиба таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ фестивал ва намоиш — фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба пойтахт, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба намудани ҳунармандон бо ҳамтоёнашон аз дигар давлатҳо, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҳунармандон оид ба андоз, стандартизатсия, гумрук, хуҷҷатгузорӣ дар рафти фаъолияти худ, баланд бардоштани таҷрибаи ҳунармандон оид ба тарзи дуруст пешниҳод намудани маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳо ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаашон мебошад.

Ҳамчунин Раёсат курси якмоҳаи омӯзишии «Бонуи ҳунар» -ро бо фарогирии 50 нафар ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманд дар КВД «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» ташкил намуд. Ин ҷавондухтарон дар ҷараёни омӯзиш дар курси мазкур ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла, дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороишгари мӯй, қаннодӣ ва ғайраҳоро омӯхтанд. Онҳо баъди хатми курси мазкур соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки барои бо ҷои кор таъмин гардиданашон мусоидат менамояд.