Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон се ҳодисаи муҳими соли 2018- ро эълон намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат се ҳодисаи солро эълон намуданд.

Аввалин ва муҳимтарини он, ба гуфтаи Роҳбари давлат, ин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад, ки 22 март расман оғоз гардид. Даҳсолаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ бо 177 мамлакати узви СММ пешниҳод гардида, 21 декабри соли 2016 дар ҷаласаи пленарии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ якдилона қабул гардид.

Ҳодисаи дуюм ва тақдирсоз барои ҳамаи тоҷикистониён – ин ба истифода додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки ба 16 ноябр рост омад. Мардуми тоҷик ин ҳодисаро се даҳсола боз бо умедворӣ интизор буданд ва онро бо итминон метавон таърихӣ номид.

Сеюмин ҳодиса – рафтуомади мутақобила ва сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки дар ҷараёни он созишномаҳои муҳим ва таърихӣ дар самти рушди ҳамкории стратегии минбаъда ба имзо расиданд.