Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба масъалаи таъмини деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ диққати ҷиддӣ дода шавад

 

Сарчашмаи бисёр бемориҳо ба об вобастагӣ дорад. Бинобар бартараф намудани ин мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат изҳор намуданд, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддӣ талаб менамояд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар сатҳи обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз намуд, ки то имрӯз 50 фоизи он амалӣ гардидааст.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар самти кишоварзию обёрии мамлакат 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Вале тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёда аз 80 фоизи маблағ барои рушди шабакаҳои обрасонӣ ба маркази шаҳру ноҳияҳо равона мегардад.

Бинобар ин Президенти мамлакат дастур доданд, ки барои ҳалли ин масъала дар деҳот зарур аст ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд.