Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз паёми навбатии Пешвои миллат руҳу илҳоми тоза гирифтанд.

 

      Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳои дар паёми ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон шудани солҳои 2019- 2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, тасмим бар он доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда супоришҳоро саривақтӣ ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.
      Дар паёми имсола занону бонувони тоҷик нерӯи бузурги ҷомеа арзёбӣ гардида, имрӯз дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу мамлакат 25% хизматчиёни давлатиро занону бонувон, ки аз ин шумора 19% фоизашро занони роҳбар ташкил медиҳад.
       Қайд гардид, ки барои фаъолияти бонизому бомароми занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида шуда, марҳила ба марҳила амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани маълумотнокии занону бонувони ҷамоатҳои дурдастарини вилояту шаҳру ноҳияҳо ба касбомӯзию ҳунаромӯзӣ шуғл варзидани занону бонувон инчунин, тарбияи комили фарзанд, самтгузорӣ дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз эшон тақозо карда шуд.