Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Марҳамат ба конференсия

 

Соли шашум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориву иштироки бевоситаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии «Саҳми занон дар рушди илм» баргузор мегардад, ки ҳадафи он дастгирӣ ва мусоидат ба таҳқиқоту пажуҳиши занону бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани платформаи арзёбӣ ва баррасии дастовардҳои илмӣ ба онҳо мебошад. Конференсияи мазкур бо иштироки занони олимаи кишвар рӯзи 11- уми феврал соати 9:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм баргузор мегардад.