Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Баёнияи VI-умин Конференсияи илмӣ-назариявии «Саҳми занон дар рушди илм»

 

       VI-мин Конференсияи илмӣ-назариявии «Саҳми занон дар рушди илм» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии СММ-занон дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
      Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парлумони кишвар, олимаҳои варзида, аспирантону олимаҳои навқадам дар ҷодаи илм, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд иштирок намуданд.
       VI-мин Конференсияи илмӣ-назариявии «Саҳми занон дар рушди илм» фазои худро вусъат дода, тасмим гирифтааст, ки дастрасии пажуҳишҳои илмии олимаҳои ТОҷикистонро муаррифӣ намояд ва барои мақоми байналмилалӣ пайдо намудани таҳқиқи олимаҳои тоҷик мусоидат намояд.
Аз рӯи баромадҳо ва пешниҳодҳо иштирокчиёни конференсия баёния қабул намуданд.


                                                                                          Баёнияи
                                                     VI-умин Конференсияи «Саҳми занон дар рушди илм»
                                                                            (ш.Душанбе, 11. 02. 2019)

        Соли шашум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориву иштироки бевоситаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии «Саҳми занон дар рушди илм» баргузор мегардад, ки ҳадафи он дастгирӣ ва мусоидат ба таҳқиқоту пажуҳиши занону бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани платформаи арзёбӣ ва баррасии дастовардҳои илмӣ ба онҳо буда, бо иштироки занони олимаи кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалии кишвар рӯзи 11 феврал бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм баргузор мегардад.
Гарчанде конференсия азму тасмим дорад, ки ба ҳадафу мақсадҳои аввалияи худ содиқ монда, ҳадди аксари пажуҳандагони кишварро муттаҳид намояд, дар рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ саҳми худро гузорад, ҳар сол барои конференсия як мавзӯи муштарак муайян карда мешавад.
       VI-мин Конференсияи «Саҳми занон дар рушди илм» соли 2019 бо ҷалби олимаҳои тоҷик ва созмонҳои байналмилалии кишвар фазои худро вусъат дода, тасмим гирифтааст, ки дастрасии ковишҳои илмии олимаҳои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва барои мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудани таҳқиқи олимаҳои тоҷик мусоидат намояд. Дар ин ҷода соли 2018 ба ҷоизаи Ибни Сино сарфароз гардидани таҳқиқоти олимаҳои тоҷик академик Муҳиба Ёқубова ва Герасименко моро илҳом бахшида, барои бештар дар соҳаҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ кӯшиш намудани занони олимаи Тоҷикистон такон мебахшад.
       Дар кори VI-мин Конференсияи «Саҳми занон дар рушди илм» олимаҳо аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
       Конференсия дар 2 бахш баргузор гардида, дар он 125 гузориш баррасӣ гардид.
VI-мин Конференсияи «Саҳми занон дар рушди илм» соли 2019 бо назардошти фикру мулоҳизоти иштирокдорон чунин карор қабул намуд:
1. Занону бонувони олимаи Тоҷикистон аз он меболанд, ки Фармони «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаљогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, инчунин, «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба онҳо имконият медиҳанд, ки дар тамоми соҳаҳои истеҳсолоту роҳбарӣ, маъмуриву қудратӣ бо омодагии сазовори маърифатӣ, техникиву технологӣ дар баробари мардон кору фаъолият намуда, дар соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, таълиму тарбия, тандурустӣ, варзишу санъат, сиёсати дохиливу хориҷӣ саҳми назаррас гузошта метавонанд.
2. Барои ин миннатдории самимии иштирокдоронро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият ба занону духтарон иброз медорем.
3. Ҷавобан ба ғамхориҳои доимии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажуҳиши худ, истифодаи техника, технология ва воситаву абзори пешқадами таҳқиқоти илмӣ кӯшиш намуда, тамоми қувваи худро барои афзудани обрӯву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза бо таассубу кӯҳнапарастӣ, ифротгароиву мафкураи иртиҷоӣ равона мекунем, намунаи ибрат дар ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон медиҳем.
4. Ҳамчун қишри варзидаи зиёиён, занону бонувони олима аз занону духтарони кишвар даъват ба амал меорем, ки ташаббуси фарогирии илму донишро дастгирӣ карда, кӯшиши худро ҷиҳати вусъат додани ҷаҳонбинии илмӣ, аз бар намудани донишу малакаҳои муосир, махсусан техника ва технологияҳои нави муосир ва забонҳои хориҷӣ сафарбар созанд, фаъолона барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ ва мафкуравии ҷомеа талош варзанд.
5. Иштирокчиёни конференсия ба ҳамтоёни хориҷии худ ва меҳмонони хориҷӣ сатҳи илму пажуҳиши тоҷикро дар мисоли пажуҳишҳои занону бонувони олима муаррифӣ намуда, онҳоро барои саҳмгузорӣ дар барномаҳои таҳқиқотӣ ва дастгирии таҳқиқотӣ олимаҳои тоҷик, мусоидат барои муаррифӣ кардани дастовардҳои илм дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ даъват менамоянд.
6. Занону бонувони олимаи кишвар ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос ва миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар рушди илми тоҷик ва неъмати қимматтарини кишвар-захираҳои зеҳниву ақлонии он бесобиқа арзёбӣ менамоянд.