Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Тавқи лаънат

 

Муҳиддин Кабирӣ гоҳо худро пуштибони асили дини мубини ислом мегираду гоҳо чун қаиқҳои рӯи об ба ҳар тараф лангар мепартояд ва бо ин рафтораш ҷавонону шаҳрвандони содаро мағзшуӣ намуда ба рафтору кирдори зиддисломию зиддиинсонӣ роҳнамун сохта тӯъмаи морҳои Аҳримани худ мегардонад.
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст ин амали нодурусти косабардорони ӯ мебошад, ки дар шаҳри Варшава рух дода боиси нигаронӣ гаштааст. Зеро, ин шахсиятҳои мухолифин косаи сабрашон лабрез гардида он бухсу аламҳое, ки дар дил доштанд сари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии мо рехтанд. Онҳо аз он мақсадҳои доштаашон, ки оромии кишвари моро мехостанд халалдор созанд, ҷомаи амал напӯшид ва ба ҳамин роҳ хостанд намояндагони моро сиёҳ созанд, зеро ин рафтори онҳо маҳз ифротгароӣ буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароӣ ва тероризим яке аз падидаҳои номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб меравад, ки боиси ба миён омадани оқибатҳои нохӯш – таҳдид, зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ, таҷовуз ба ҳаёти шахсиятҳои шинохтаи давлатию сиёсӣ, таҳдид ба ҷони шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ба сари мансабу қудрат омадан, ҳокимиятро ишғол кардан ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки ин ҳама амалҳои болозикр мақсаду мароми Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Зеро Муҳиддин Кабирӣ ба ҷуз тавқи лаънат сазои дигаре надорад.
Ҳарчанд фиристодагони Муҳиддин Кабирӣ ғаразҳои нопоконаи худро аз дохили конфронсзал нишон надода худдорӣ карда бошанд ҳам, вале баробари аз толор баромаданд заҳри забони худро ба сари намояндагони кишвар рехтанд ва он таҳдиде, ки нисбати намояндагони мо карданд пур аз кинаву надомат дигар чизи холис набуд. Охир, вакти гӯшбуриву бинибурии Шумо ҳомиёни Заҳок гузаштааст. Зеро мардуми кишвар хуб дар ёд доранд, шумо дар ниқоби наҳзати ба ном ислом чӣ амалҳои ваҳшиёнаву беадолатонаро нисбати миллати худ раво донистед. Ба сари модарону фарзандони миллат чунин рӯзҳои наҳсу шумро овардед. Синаи модари тоҷикро бурида ба ҷӯйборҳо сар додед!, шиками модари ҳомилаи миллати хешро даридаву мисли гургони гурснаву ваҳшӣ тифлаки бегуноҳи ӯро дар сармо тӯъмаи чашмони хунгирифтаи худ намудед. Боз мехоҳед, ки соҳиби ин миллати ҷабрдидаву давлати сарсупурда шавед? Ҳаргиз зеро, ки Шуморо ҳеҷгоҳ миллату Ватан намебахшанд ва таърих низ гувоҳ аст, ки гунаҳкорони онрӯзаи ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ ҳастед. Хуни 150 ҳазор ҷавонону ҷавондухтарони миллати тоҷик ба дӯши Шумо бор аст. Даст кашед аз амалҳои нодурусту мақсадҳои хому Аҳримании худ. Имрӯз мо мардуми фирӯзманд, модари хушбахт, кӯдакони беғаш ҳастем, ки бо сарварии сипари боэътимоди худ, Пешвои муаззами миллат-ҳомии сулҳу субот, пуштибони адлу адолат бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи дурахшон рахти сафар дорем.