Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Террорист Ватан,мазҳаб,дин ва миллат надорад.

 

      Ҳар ваҷаб хоки муққадаси сарзамини Тоҷикистон ҳазорон рози сарбамуҳри таърихиро дорост. Аз аҳди қадим ҳамчун ҷозибаи маънавӣ орифону шоирон ва бузургворони зиёде дар хоки ин сарзамин нуҳӯфтааст ва сарзамини муқаддас набояд ҷойи нафарони террористу экстремисту ифродгаро ва дигар мардуми ба ҷомеа хатарнок бошад.
      Оре, барҳақ аст суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сарлавҳаи мазкур, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид.
Миллате, ки аз арсаи парокандагӣ раҳо ёфт, набояд террористро имкон диҳад, модаре, ки фарзанди дилбанди хешро гум карда буд, нашояд, ки террорист тарбия кунад, омӯзгоре,ки шогирди номбардори худро аз даст дода буд,набояд террорист таълим диҳад. Шукри истиқлолияти кишвари азизамон,шукри ватани ободу озоди ҳуқуқбунёди ягона,шукри Пешвои муаззами миллат ва фарҳангсолори тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки таърихи тамаддуни тоҷиконро нерӯи бузургн бахшид.
        Ҷомеаи,ки Тоҷикистон номаш аст ва баҳри мо сулҳу суббот ва тинҷию оромиро ато намудааст, бояд, ки ба қадри ин неъматҳои Худодод расем. Мутаасифона,имрӯзҳо бархе аз ашхосе дар ҷомеаи кунунӣ пайдо мешавад, ки ин Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, ин ободиву созандагӣ,сулҳу суббот ва тинҷию амонӣ, офтоби дурахшони Тоҷикистон ва ҳазорон дастовардҳои ба меҳнату заҳмати қаҳрамононаву паҳлавононаи Пешвои муаззами миллат бадастомада барояш ҳеҷ аст.Аз пайи ҳавову ҳавас рафта, тақлид ба фарҳанги бегона намуда, бархе гурӯҳҳои ифродгароиву террористиро ба осонӣ ҳамраҳӣ менамоянд.
      Дар ин раванд боиси таасуф аст,ки имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо занон ва духтароне сайру гашт мекунанд, ки бо як либоси хеле ношинам,яъне сатру ҳиҷобҳои ба мардуми тоҷик бегона ва ҷавондухтарони сиёҳпӯшеро,ки гӯё навакак аз мусибатхона омада бошанд,вомехӯрем.Ё ҷавонписароне,ки гардани зебои худро бо ранг нақшу нигор намудаанд, ё ҳангоми кам кардани мӯи сар ҳар гуна ҳарфҳоро дар сари худ ба тариқи аён нақшбандӣ мекунанд,ё дар тан шимҳои ҳар ҷо ҳар ҷо даридашуда мепӯшанд,ки гӯё ин гуна ашхос мудпараст бошад. Ҳеҷ гоҳ ин гуна корҳо дар мардуми тоҷик муд набуд,намешавад, шуда ҳам наметавонад.
      Имрӯз мо аз чунин мудпарастон ва сиёҳпушию бегонапарастии занону бонувони тоҷик метарсем ва аз он хавф дорем, ки зери ин лиқоби сиёҳ хавфу хатаре ниҳон бошад.Чунки таҳлилҳо нишон додаанд,ки ба доми бегона афтидан ва шомил шудан ба ҳизбу шаракатҳои хатарзо шахсони тақлидкору мудпарастро ҷалб намудан хеле осон будааст, зеро онҳо фарҳангу либоспӯшии бегонаро бо як тамошои кинофилмҳо қабул кардаанду террористу экстремистро қабул намекунанд?
      Агар як назар ба анъанаҳои гузаштаи тоҷикон афканем мебинем,ки ягона коре, ки мардуми тоҷик аз қадим ранги сурхро дар дастони худ,ки ҳамчун рамзи рӯсурхии ӯро ифода мекард, истифода мебурд, ин ҳам бошад "Ҳинобандон" буд. Маҳз тавассути ана ҳамон гулбуттаи "ҳино", ки онро занон мекоштанду дар фасли тобистон чинда бо ҳар гуна шифобахшиҳои дигар аз қабили; ангури турш,сабзпучоқи чормағз, замч ва игар чизҳое, ки зарур буданд, ҳамроҳ карда, майда мекӯфтанд ва то шаб дар барги ангур печонида дам медоданд.
Ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик ҳиноро дар гарданашон намебастанд, ё гирду атрофи сарашонро Ҳуруфтарошӣ намекарданд ва дар шароити қадимаи камчиз будани либос пӯшидани либосҳои даридашударо намепӯшиданд.
Роҳбари давлатамон дар Паёми навбатиашон хеле бамавқеъ зикр намудаанд:"Мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд".            Барҳақ аст ин сухани заррини Ҷаноби Олӣ. Мо давлати ҳуқуқбунёд ҳастем ва ҳуқуқи зиндагии шоистаро дорем. Лек бе афроди ба ҷомеа хатарнок зиндагии шоистаи мо шоистатар хоад шуд.