Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Пешвои миллати ман Пешвои ман...

Замоне,ки ин номбардори миллат ба сари ҳокимият омад, Тоҷикистон бениҳоят рӯзҳои вазнину даҳшатборро аз сар мегузаронид. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ гардид, мардуми тоҷик аз бими ҷон ба Авгонистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя гуреза шуда аксар ҳангоми убури сарҳад дар дарёи Панҷ ғарқ шуда,боқимонда ба Авғонистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя маскан мекарданд. Тоҷикистонро фазои дарду ғам иҳота намуда буд. 

Деворҳои Ватан аз ҷасади мардуми бечорае, ки барои сулҳ мубориза мебурданд, сохта шуда буд. Ҷӯйборе, ки бояд оби софу беғубор дошта бошад, хуни халқи азияткашида дар он ҷорӣ буд. Офтобе, ки бояд ба дили мардум гармӣ орад, шуояш ба дили мардуми тоҷик сардию ноумедӣ мебахшид. Аммо, ин ҳама қувваҳои Аҳриманӣ дер давом накард, зеро роҳбарии Тоҷикистон ба дасти касе афтод, ки решаи инр ҳама бадбахтиҳоро канда бартараф намуд.
Оре, ин Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Шахсе, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, шахе, ки дар замони таназулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард. Чунин марди фидокору ватандӯст ва роҳбари одилу ғамхор насиби мо гашт ва танҳо моро мебояд, ки бо роҳбари худ ифтихор намоем ва пайваста кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони мо боз ҳам ободтар гардад.
Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати тоҷик дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадор дар шароити мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рў, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Хизмати дигари Сарвари давлат дар давоми фаъолияти кориаш ин иқдоми бузурги сохта ба истифода додани Неругоҳи Барқии Обии Роғун мебошад, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ду агрегатри он бо ташабусси Пешвои фидокори миллат ба фаъолият шуруъ мекунад.
Ҳамзамон талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳми босазое гузоштанд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда,дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷӯҳи чомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайра пешниҳодҳои босазое кардаанд.
Маҳз дар замони муосир таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо давлати воҳидро бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон номнавис намуда, дигаронро ба пазируфтани мустақилияти хеш даъват намудем. Ҳамзамон Пешвои миллат донистани сарвари давлат аз фаъолияти ҳамасоҳаи ў чун сиёсатмадори дурандеш гувоҳӣ медиҳад. Президенти кишвар дар бунёд ва тавсеаи тафаккури миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа саҳми беназир дорад.
Мардуми тоҷик ҳамеша аз иқдоми пайдарпайи Пешвои миллат дастгирӣ менамоянд ва ўро пешвои воқеии ҳаёти имрӯзаи худ медонанд. Номи неки ин марди фарзона, ки барои мо ва ояндаи беҳи мо талошҳо намудааст, поянда бод.