Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Барафрохт Кова парчами Коваён

 

Аз бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳарфиёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то замони мо боқӣ мондаанд, гувоҳи онанд, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдории шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси ҳар миллату давлат Парчам будааст.
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон зери Парчами миллӣ таърих ва суннати ба худ хоси Қадима дорад. Ҳанӯз аз замони Каёниён аҷдодони мо соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлат ва сохти давлатдории онҳоро ифода мекард.
«Дирафши Ковиён», чунин ном дошт аввалин Парчами қадимаи тоҷикон, ки онро Коваи оҳангар чун рамзи ғолибият бар зидди беадолатиҳои Заҳҳок парафшон намуд ва он ифодагари рамзи ваҳдату ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда шуда, ба хотири ҳифзи он паҳлавонони номвару фарзонаи миллат ҷонсупориҳо намудаанд.
Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллию давлатии ниёгони тоҷик буда, дар давраи Сосониён бо тағйири шакл, яъне таҷассуми паррандаи заррин-мурғи ҳумо дар қисми болои он ва бо насби қимматтарин сангҳо дар бахши мураббаи он парафшонӣ дошт.
Бо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами миллӣ ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон, таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон бо тобиши се ранг: ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон, ки нишон аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзамини тоҷикон башорат медиҳад.
Соҳибистиқлолӣ ва гиромидошти Парчами миллӣ ба рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Равобити дипломатӣ, дӯстиву ҳамдилӣ, ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои дӯсту бародар густариш ёфта, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳову иттиҳодияҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Боиси ифтихору сарафрозии ҳар як ватандори тоҷик аст, ки имрӯз Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст.
Фарзандони бонангу номус, санъаткорону варзишгарони тоҷик марҳила ба марҳила дар чорабиниҳову мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ баромад намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сари баланду ҳуввияти волои миллӣ парафшон намуда, маҳорати кордонию созандагӣ ва ҳамдиливу ҳаммаромии миллати соҳибтамаддуни тоҷикро ба ҷаҳониён шиносонида истодаанд.
Маҳз тавассути сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчамбардории ҷавонони тоҷик, ки имрӯзҳо меҳмонони зиёди бурунмарзӣ нигоҳе аз Тоҷикистони биҳиштосо намуда, аз таъриху фарҳанги пурѓановати он бархурдор гардида истодаанд.
Ин аст, ки Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номуси ватандорӣ, ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангпарвар ва меҳмоннавози тоҷик буда, волотарин мақсаду мароми тоҷикону Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.