Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Парчами милли рамзи Давлатдорист

 

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ љойгир шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.
Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути парчаму рамзҳои давлатиаш мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам барои ҳар як фарди тоҷик ҳатмист, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи бою рангини халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар мебошад, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо мебошад.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.
Ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз зеботарин мавзеъҳои пойтахти азизамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.
Имрӯз ин парчами зебои мо, ки дар фазои софу беғубор қомат афрохтааст, диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст ва барои дидани он меҳмонон аз хориҷи кишвар омада аз ин манзараи зебо дидан мекунанд, ки ин ҳам бошад аз ободии меҳани азизамон гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бомаврид қайд кардаанд, ки доштани парчам, саф оростан зери он ва эҳтиром ба он нишона аз фарҳанги кӯҳани мардуми тоҷик мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати рӯзи парчам ҳамчунин гуфт: «Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд.
Ҷашни Рӯзи парчам нишони эҳтиром ба рӯҳи онҳоест, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, бақои забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо бар ивази ҷони худ таъмин кардаанд».
Мардуми тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин содиқона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами меҳани азизи худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд.

Парчами нангу номи мо,
Пораи ҷисму ҷони мо.
Нуру зиёи чашму дил,
Парчами Коваёни мо.
Бол кушо, бол кушо, бол кушо
Ранги ба ранг,
Сабзу сафеду лоларанг,
Тоҷу ситораҳот қашанг.
Тоҷи сар астӣ, эй Ватан,
Ҷони ман астӣ, эй Ватан.