Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Бузургии зан-модар

 

Зани тоҷик аз қадим то имрӯз бо тарбияи фарзандони оқилу баодоб, таъмини муҳити орому обод дар хонавода, меҳмоннавозӣ ва бисёр хислатҳои ҳамидаи худ дар ҳақиқат машҳури олам аст ва тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгори зан-модар мебошад.
Бузургтарин шахсиятҳои таърих, арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парваридаи модар мебошад ва маҳз зан-модар рӯзгори моро зеб медиҳад.
Хонаи торику аз меҳру муҳаббат бехабар, девори баланд аммо бе сутун, шамъи фурӯзон вале норавшан ин ҳама камбуд аз набудани зан-модар дар оила мебошад, вале бо ҳастии зан-модар хонаи торики мо равшан аст, меҳру муҳаббат ҳукмфармо аст, сутуни мустаҳкаму нури илоҳӣ дар оилаву зиндагии мо ҳамеша пойдор аст.
Самараи истиқлолияти кишвари азизамон ҳаст, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди Созмонҳову мақомотҳои гуногуни кишвар ва байналмиллал садо баланд карда ҳуқуқҳои хешро дифоъ менамоянд.
Имрӯз занону бонувони тоҷик дар ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар сафҳои худ даҳҳо занони дигарро муттаҳид менамоянд ва барои дигарон ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд.
Эҳтирому манзалати зан- модар аз ҷониби фарзанд ҳамеша бояд дар мадди аввал истад, зеро маҳз модар дар қалби фарзанд тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва ҳисси ватандориро мекорад, то ин ки оянда насли навраси мо ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба воя расанд. Маҳз модар ба фарзанд панду андарз меомӯзад ва хонадонашро ба макони пур аз меҳру муҳаббат табдил дода, аз мушкилиҳои ҳаёт ба зудӣ ва ба осонӣ раҳо меёбад.
Аз ин лиҳоз зан-модарро ҳамеша бояд қадр, эҳтиром, ҳифз ва дӯст бояд дошт.