Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Паёми Пешвои миллат навиди ҳар як соҳибватан аст

 

Ҳамасола паёми Пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд ироа мегардад ва имрӯз бори дигар Сарвари давлат аз минбари баланд ба тамоми мардуми бузурги тоҷик ва ба ҷаҳониён аз самту фаъолияти пешрафти кишварамон ва аз гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодӣ сухан рондан.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат се ҳодисаи солро эълон намуданд, ки ин хушбахтӣ ва хурсандии ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Аввалин ва муҳимтарини он, ки Роҳбари давлат қайд намуданд, ин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мебошад, ки 22 март расман оғоз гардид. Даҳсолаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо 177 мамлакати узви СММ пешниҳод гардида, 21 декабри соли 2016 дар ҷаласаи созмони бонуфузи ҷаҳонӣ якдилона қабул гардид.
Дуюмин ва пеш аз ҳама тақдирсоз барои ҳамаи мардуми тоҷик- ин ба истифода додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии “Роғун” аст, ки ба 16 ноябр рост омад. Мардуми тоҷик ин ҳодисаро бо умедворӣ интизор буданд ва онро бо итминон метавон таърихӣ номид.
Сеюмин ин – дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки дар ҷараёни он созишномаҳои муҳим ва таърихӣ дар самти рушди ҳамкории стратегии минбаъда ба имзо расиданд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Сарвари давлат ироа намуданд, ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад, зеро модар ин офаранда, парваранда, бахшоянда ва ҷонбахши ҳаёт дар рӯи замин аст ва аз ин лиҳоз эҳтирому арҷгузории Роҳбари давлат ва боварӣ нисбати зан-модар зиёд аст.
Бо дастгириҳои Пешвои муаззами давлат имрӯз зан-модар дар ҳама гуна соҳахои кишвар фаъолият намуда, дар ободонии кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд, яъне маҳз ҳамин кӯшишҳо боварии Роҳбари давлатро исбот намуданд.
Бонувони тоҷик сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҳамеша дастгирӣ намуда, аз минбарҳои баланди дохилу хориҷ садо баланд карда баҳри сулҳу озодӣ, якдиливу ягонагӣ мекӯшанд то ин ки оламро ваҳдату ягонагӣ фарогир бошад, зеро маҳз модар ҷонибдори ҳамешагии сулҳ аст.
Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар нзардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.
Эътимоднокии Роҳбари давлат ба зан-модар, ки офарандаи ҳаёт дар рӯи замин аст, зиёд аст ва ин аст, ки дар соҳаи бонкдорӣ, хазинадорӣ,алоқа ва он корҳои сабуке, ки ҷавобгарӣ ва масъулияти зиёдро талаб мекунад, ба занҳо тавсия медиҳад.Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлатро пеш гирифта, занону бонувон дар ин самт фаъолияти худро дучанд намуда, баҳри гулгулшукуфоии ватан саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва боварии Сарвари давлатро аз даст надода, ҳамеша пайрав ва дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат устуворона қадам мегузоранд.