Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Иқтибосҳо дар васфи зан-модар

 

«Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд».
                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

«Ғамхорӣ ба зан, ба модар, ғамхорӣ ба ояндаи мост».
                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

«Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад»
                                                 Эмомалӣ Раҳмон

«Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст ва нигаҳбонии ин гаҳвора қабл аз ҳама бар души модар вогузор шудааст»

«Саломатии зан омили муайянкунандаи генофонди солимии ҷомеа ва милат аст, яъне танҳо зани солим насли солим ба вуҷуд оварда метавонад»

«Бузургони адаб фармудаанд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба мисли як зан , як модар инсонро ба фазлу муҳаббат ҳидоят карда наметавонад ва маҳз матонату бузургии зан-модар дар он аст, ки рисолати волою муқаддаси ба дунё овардани инсонро бар дӯш дорад»

«Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхориҳои ӯ расем»

«Оила хиштҳои нахустини иморати мӯҳташами давлати соҳибистиқлол аст».