Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Дар ҷаҳони меҳрубонӣ, беназирӣ модарам...

 

      Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, панду ахлоқ ва ҳидоятгари роҳи дурусти зиндагӣ буда, барои ҳар фарди дилогоҳ як рукни имон аст. Модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор буда, барои ҳар як инсон азизтарин кас мебошад.
Модар, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва пайвандгари наслҳову замонҳо, имрӯзу фардои ҷамъият ва ҳусни зеботарини саҳифаи китоби зиндагӣ ҳастанд.
     Меҳри модар ибтидо дораду беинтиҳо аст, шири сафедаш покии виҷдон аст, дуои некаш ҳамеша мустаҷоб аст ва умуман модар кабир асту нури чашмони ҳар як инсон аст. Аз ин рӯ арҷ гузоштан ба қадру қиммат, заҳмату шабзиндадории зан-модар қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст.
Модари тоқик дар тӯли садсолаҳои зиёд фарзандони ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст , ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд, ки яке аз чунин фарзандони қавиирода, ватандӯсту дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки маҳз бо шарофати Роҳбари ғамхорамон қадру қиммат ва мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуд.
      Дар воқеъ, имрӯз занону бонувони тоҷик дар баробари мардон сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатро пеш гирифта, саҳми арзандаи худро дар пешрафти мамлакат гузошта истодданд. Агар назар афканем ба тамоми соҳаҳои муосир, шоҳиди он мешаваем, ки занону бонувон низ далеру шуҷоъ ҳастанд ва дар сатҳи роҳбарикунанда низ уҳдадорӣ ва вазифаҳои худро содиқона амалӣ менамоянд.
Модарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар нақши муосир доранд ва пайваста кӯшиш менамоянд то ба наслҳои дигар фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷикро омӯзонанд.
     Боиси таасуф низ ҳаст, ки имрӯз баъзе аз фарзандони бенангу номус эҳтироми модарро ба ҷо намеоранд, боиси ранҷу машақати модар мешаванд ва ашки модарро мерезонанд. Бархе аз нохалафон тарки модар намуда, ёде аз он намекунанд. Охир чӣ гуна метавон шахсе, ки моро ҳаёт бахшид, таркаш кунем, азоб диҳем? Шахсе, ки модарашро азизтарин барояш касро аз даст додааст, дар ҳасрати дидори модараш аст, вале дар ҷое мебинем, ки фарзанд аз дидори модар безору гурезон аст.
     Набояд чунин бошад, мо фарзандон бо тамоми ҳастӣ агар кӯшиш намоем, ҳаққи модарро ба ҷо оварда наметавонем. Мо бояд ҳамеша дӯсташон дорем, қадрашон бидонем ва ҳамеша дуои некашонро бигирем. Вале набояд дар лаҳзаҳое, ки модар ба меҳру муҳаббати фарзанд ниёз дорад, таркашон намоем. Барои исботи ин гуфтаҳо метавон қиссаеро овард, ки модар ба писараш чунин гуфтааст:
Писари азизам, агар замоне расад, ки маро пиразан дидӣ, аз ту хоҳиш дорам, бар ман сабр ва таҳаммул дошта бош, маро дарк намо. Агар дар вақти хӯрок таомамро бар либосам резонам ё ин ки ман ба танҳои либосамро иваз карда натавонам, дар ҳамон ҳолат ба ёд ор, ки дар хурдиат ман ба ту либос ва таом хӯрданро таълим медодам.
     Агар як калимаро ҳазор маротиба гаштаю баргашта такрор намоям, асабӣ нашав ва сухани маро қатъ макун, ба ман гӯш бидеҳ ва маро таҳаммул кун. Фарзанди азизам, вақте ки ту кӯдак будӣ доиман такрор ба такрор мепурсидӣ ва ман бо қалби кӯшод ба ту ҷавоб медодам.
Вақте ки хотираам заиф шуд ва суханонамро гум кардам ба ман вақти кофӣ деҳ то ман ба ёд биёрам.
Писарам, агар бо сабаби пириям ва бемориям роҳ гашта натавонам, аз дастам бигир, ҳамчуноне ки ман бо муҳаббат аз дастат мегирифтам, замоне ки аввалин қадамҳоятро мегузоштӣ.
Писарам, чӣ гунае ки ман дар зиндагӣ кӯмакат кардам, маро низ то нафасҳои охаринам кӯмак намо, зеро чун ту тифл будию ба меҳру навозиши ман ниёз доштӣ, акнун ман ба меҳрубонию ғамхории ту ниёз дорам.

     Аз ин хотир модарро мисли гавҳараки чашм нигоҳ бояд дошт, қадру қиммат ва эҳтироми ӯро ба ҷо овард ва ҳамеша дуои некашро бояд гирифт, зеро бо дуои модар дарахти зиндагии мо ҳамешасабзу устувор мемонад. Модар сутуни хонадон аст, модар равшанӣ дар қалби инсон аст, модар ба ҳар як дард дармон аст. Пас, ҳамеша бо ёди модар бошем ва бо дидани чеҳраи зебояш, дасти ларзонашро гирифта, бигӯем, ки модарҷон аз ҷон зиёд дӯстат медорам.

                                                    Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
                                                    Фатҳу кӯшоиш орад дасти дуои модар.