Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст

      Дар таърихи башар инсоният баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддин тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору ахлоқ, бунёди одоби оила ва оиладорӣ, солимии оила, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ замина гузошт, ки пайваста ташаккул ёфта, пеш меравад. Яке аз бунёдгузорони одоби баланди барпо намудани оила ва одоби оиладорӣ ниёгони некноми мо маҳсуб меёбанд. Эҳтироми зан – модар барои ҳар инсони бошараф мояи ифтихор ва қарзи ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.

    Муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки тамоми пешравиҳои олам ба солимии оила сахт марбут аст. Пизишкон бар он ақидаанд, ки маҳз вазъи ҳаёти оилавӣ боиси дарозумрии инсон шуда метавонад. Оилаи солим маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли оянда ва ҳаёти ҷовидонист. Инсони комил танҳо дар оилаи солим ва муҳити солим ба камол мерасад.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд”. Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила чунин маъно дорад, ки давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир сохта, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва пиронсолӣ, хизматрасониҳои зарурии тиббӣ ва ғайраро ба уҳда мегирад.
    Ҳар як фарди соҳибмаърифат бояд тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар кунад ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда гузорад.
    Агар ба таърихи ҳаёти миллатамон назар намоем, ниёгони некноми мо маданияти баланду фарҳанги бой дошта, оиларо ҷузъи муҳимтарин ва рукни асосии ҷомеа ҳисобида, ба барпо кардани оила аҳамияти калон медоданд ва ҳатто ба хешони наздик роҳ намедоданд.
    Муҳимтарин коре, ки дар умри худ инсоният анҷом медиҳад, бунёди оила аст. Оила қонунест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад. Яъне ҳар инсоне дар муҳити оила анъанаҳои табии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, бо воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳуввият касб мекунад.
    Ҳаёти инсон чунин сохта шудааст, ки одамон бо чӣ касбе машғул набошанд ва аъзои чӣ сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб нараванд, сараввал узви оилаанд ва зимни адои вазифа ва масъулият дар зиндагии оилавӣ, аз қабили таваллуд ва тарбияи фарзанд, таъмини некӯаҳволии аъзои оила, риояи суннатҳои милливу маҳаллӣ ва масоли инҳо ҳамзамон вазифаю масъулиятҳоеро дар назди ҷамъият ва давлати миллӣ ба иҷро мерасонад.
     Аз ин лиҳоз, оила нахустин ниҳодест, ки ташаккули инсон дар муҳити он оғоз мегарданд.
     Консепсияи танзими оила, ки дар нигоҳи сатҳӣ ва ҳамчунин бо назардошти ҳолати демографии Тоҷикистон, пешниҳоди роҳи ҳалли масъалаи нуфус ба назар менамояд, дар моҳияташ назарияи аз ҳар лиҳоз муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқиву маънавӣ ниҳон мебошад. Зеро танзими оила пеш аз ҳама ба низом овардани муҳимтарин рукни ҷомеаро пешниҳод менамояд, ки ҳолату сифати ӯ ҳолату сифати ҷомеа ва давлатро муайян месозад.
     Беҳдошти саломатии модар ва фарзанд ин маънову моҳияти аслии зиндагӣ аст. Саломатии модар, ки зиндагии оила аз ҳар лиҳоз ба заҳмати ӯ вобаста аст, ҷанбаҳои инсониву иҷтимоӣ дорад. Зан дар оила, ки дар баробари шавҳараш аз кадхудоёни хонадон аст, вай барои фарзандон муқаддастарин инсон аст. Одамро аз модар муқаддастар, шарифтар ва наҷибтар шахсе нест.
     Модар аст, ки то охирин нафасаш ҷонашро дар гарави ҷони фарзанд мемонад ва серии фарзанд серии ӯст, роҳати фарзанд роҳати ӯст ва дарди фарзанд дарди ӯст.
     Саломатии инсон бебаҳотарин арзиш ҳам барои шахс ва ҳам барои ҷамъият аст. Ҳифзи беҳдошти саломатии зан- модар нахуст бар дӯши рафиқи ҳаёти ӯ – шавҳар ва баъдан аз вазифаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ аст. Аз ин лиҳоз, саломатии ҳар як инсоне, ки дар ҷомеа манфиаташ назаррас аст, зарур мебошад.
      Оила, ки дар аъмоқи таърих бар тибқи мантиқи басе содаи баҳамоии зану мард ба вуҷуд омадааст, дар тӯли ҳазорсолаҳо анъанаву суннат ва расму оинҳоро фаро гирифта, дар даврони нав ва навини таърихи инсоният ҳамчун нахустомили зиндагии ҷамъиятӣ, моҳият ва хусусиятҳои муайянро касб намудааст. Оила ҳамчун бахши ибтидоӣ ва сарчашмадори шахсият дар тамоми мамолики бархурдор аз тамаддун дорои мавқею мақоми хоса буда, таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.
      Танзими оила, ки имрӯз дар ҷомеаи мо дар аксар маврид фақат ба масъалаи коҳиши нуфуси оила тавъам дониста мешавад, дар асл маънои ба низом овардани зиндагии оила ва тарҳрезии нақшаҳои моддиву молӣ ва минҷумла таваллуд ва тарбияи фарзандро дорад.
Аз ин лиҳоз, дар оилае, ки зану шавҳар аз ахлоқу маънавиёти баланд бархурдоранд, танзими оила дурбинона ву оқилона сурат мегирад.
Имрӯзҳо, ки давлати мо ба марҳилаи тозаи пешрафту тараққӣ расидааст, беш аз ҳазор вақт моро лозим аст, ки барои таҳкими волотарин арзишҳои инсониву ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату муваддат ва гиромидошти оила ва волидайну фарзандон фаъолият намоем.