Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Тоҷикистон 84 фарзанди худро ба оғӯш гирифт

 

      Бо талошу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои Ҳукумати кишвар 84 нафар тифлакони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Ироқ бо модаронашон ба хотири убури ғайриқонунии марз, ҳамзистӣ ва кумак ба террорист қарор доштанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои модарон, занону бонувони тоҷик меҳромезтарин ва самимонатарин изҳороти худро ба сарсупурдаи халқу Ватан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонад, ки дар баробари баланд бардоштани мақому манзалати зан дар Тоҷикистон, аз ҳолу аҳволи модарону хоҳарони тоҷикистонӣ низ, ки дар мамоликҳои дигари дӯсту бародар кору зиндагӣ мекунанд, бохабар буда, талош бар муҳайё намудани зиндагии шоиста ба модарону бонувон доранд.
       Иқдомоти баргардонидани 84 нафар фарзандони модароне, ки аксарияташон дар маҳбасҳои Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд, боз ҳам исбот аз хиради волои роҳбарӣ, инсонгароӣ ва ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат дар ҳаққи мардум ва аҳолии кишвар дарак медиҳад.
Муддати як сол гуфтушунидҳои тӯлонии ҷониби Тоҷикистон бо ҷониби Ироқ дар мавриди бозпас гардонида шудани фарзандони модари тоҷик идома дошта, марҳилаи ниҳоии он бо ризоияти қонунии модарони ин кӯдакон дар доираи риояи меъёрҳои қонун ва муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи инсон анҷом пазируфт.
      Баргардонида шудани кӯдакони тоҷик ба ватан кори бузург буд. Дар ин маврид роҳбари созмони ҷамъиятии «Дарвозаи адолат»-и Бақғод Фераз Лоиқ Ҳасан ҳам бо изҳори қаноатмандӣ арз намудаанд, ки «Бешубҳа кори дуруст буд. Ҳар модар номаи ризоияти ирсоли кӯдакон ба ватанро имзо кард. Худи онҳо дар маҳбас дар ҳолати хуб нестанд ва кӯдаконашон бояд дар он ҷо набошанд. Дар маҳбас қарор доштани кӯдакон кори дуруст нест. Онҳо ба ғамхории хоса, ба муҳити хонаводагӣ ниёз доранд, бояд таҳсил кунанд ва дар шароити дуруст тарбия ёбанд. Онҳо набояд дар зиндон бошанд, бо вуҷуди он ки модаронашон дар наздашон ҳастанд».
Бале, дуруст аст, набояд кӯдакон аз лутфу навозишҳои хонаводагӣ дур бошанд. Айни замон, ин 68 нафар кӯдакон зери таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар назорати табибону ҳуқуқшиносонанд, албатта, баъди барқароркунии ҳолати равониашон ба муҳити хонавода ҷалб мегарданд. Маҳз, муҳити хонаводагӣ метавонад мушкили ҳар як аъзои худро ҳаллу фасл намояд.
       Дар ин маврид занону бонувонро бояд ҳушдор дод, ки пайваста илм омӯзанд, соҳибҳунар, кадбонуи хонадон, ҳамсари ҳалиму меҳрубон бошанд, фарзандонро низ дар рӯҳияи илмомӯзию ҳунаромӯзӣ, меҳанпарастию инсондӯстӣ тарбия намоянд. Набояд, ки ба мисли ин занони ноогоҳу аз таҳсил дурмонда қурбони тасмимҳои иштибоҳии ҳамсарону бародаронашон шаванд, ба доми фиребу найранги гурӯҳҳои мухолиф афтанд ва идомаи иқомати худро дар маҳбасу зиндонҳои мамолики дигар ихтиёр кунанд ва аз дунболи худ фарзандони хешро аз шириниҳои овони кӯдакӣ, лутфу навозишҳо ва муҳаббату самимияти хонаводагӣ дур созанд.