Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Рӯзи байналмилалии Оила муборак!

 

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургдошти Рӯзи оиларо ба кулли сокинони шарафманду баландиқболи тоҷик муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободии якояки Шумо орзуи ҳамешагии мост. Бояд ҳар як фарди соҳибхирад дарк намояд, ки дар ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор нақши назаррас дошта, дар ҳаёти инсонияту ҷамъият саҳми муҳим дорад ва ба одам эҳсосоти пурраи ҳаётӣ мебахшад, ки бе он бахту саодати ҳақиқии инсон имконнопазир аст. Имрӯзҳо, ки давлати мо бар марҳилаи тозаи пешрафту тараққӣ расидааст, моро лозим аст, ки беш аз ҳарвақта барои таҳкими волотарин арзишҳои инсониву ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату якдигарфаҳмӣ, гиромидошти оила ва волидайну фарзандон фаъолият намоем, зеро оила аҳду пайванди муборак аст.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин рӯзи муқаддас табрик гуфта, бароятон саломатии бардавому умри дароз, файзу баракати зиндагӣ, хушбахтию некрӯзӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно дорем.