Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ф а с л и 1 Қ о и д а ҳ о и у м у м ӣ

Боби 1 Қонунҳои оила

Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунҳои оила

 

1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар ҷумҳурии тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

2. Қонуни оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.

3. Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.

4. Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.

5. Ҳангоми издивоҷ ва дар муносибатҳои оилавӣ ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё динӣ манъ аст.

6. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад.

Моддаи 2. Муносибатҳое, ки бо қонунҳои оила танзим мегарданд

Қонунҳои оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайриамволӣ ва амволиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхондӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон ба миён меоянд, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд.

Моддаи 3. Қонунҳои оила ва асноди дигаре, ки меъёрҳои ҳуқуқи оилавиро дар бар мегиранд

1. Қонунҳои оила мувофиқи конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон аз ин кодекс, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии тоҷикистон, ки мутобиқи он қабул гардидаанд, иборат мебошанд.

2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар дигар қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дарҷ гардидаанд, бояд ба конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон ва ҳамин кодекс мутобиқ бошанд.

3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба амал бароварда мешавад.

4. Ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иҷрои ҳамин кодекс ва дигар қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул намояд.

Моддаи 4. Истифодаи қонунҳои гражданӣ дар муносибатҳои оилавӣ

Қонунҳои гражданӣ дар танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволӣ ва амволии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунҳои оила танзим нагардида бошанд.

Моддаи 5. Шабоҳати қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ

Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо қонунҳои оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи гражданӣ, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (шабоҳати қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи гражданӣ (шабоҳати ҳуқуқ), инчунин принсипи башардӯстӣ, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд.

Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои оилавӣ

Агар дар шартномаи байналмилалии ҷумҳурии тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунҳои оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ истифода мешаванд.

Б о б и 2 Татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқи оилавӣ

Моддаи 7. Татбиқи ҳуқуқи оилавӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои оилавӣ

1. Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва ҳуқуқҳои оилавӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамоянд, агар дар ҳамин кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ҳуқуқи худро амалӣ намудани аъзоёни оила ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон намояд.

2. Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.

Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ

1. Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ ҳимоя карда мешаванд.

2. Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ бо усулҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин кодекс сурат мегирад.

Моддаи 9. Истифодаи мӯҳлати даъво дар муносибатҳои оилавӣ

Нисбати талаботе, ки аз муносибатҳои оилавӣ бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин кодекс муқаррар намудааст, мӯҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мӯҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор медиҳад.

Ф а с л и 2 Ақди никоҳ ва қатъи он

Б о б и 3 Шарт ва тартиби ақди никоҳ

Моддаи 10. Ақди никоҳ

1. Ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад.

2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.

3. Ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурии тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба ҷо оварда шудаанд, бо ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд , баробар мебошанд.

Моддаи 11. Тартиби ақди никоҳ

1.қайди ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба ҷо оварда мешавад.

2. Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии никоҳ шахсоне, ки хоҳиши никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд.

Моддаи 12. Шартҳои ақди никоҳ

1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани издивоҷкунанда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст.

2. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.

Моддаи 13. Синни никоҳӣ

1. Синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад. (қҷт аз 21.07.10. №613)

2. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони издивоҷкунанда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

3. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.

4. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад. (қҷт аз 21.07.10. №613)

Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд

Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

- байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;

- байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай ( ки аз як падар ё модаранд);

- байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;

- байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;

-байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.

Моддаи 15. Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда

1. Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии маҳали истиқомати онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода мешавад.

2. Натиҷаҳои муоина сирри тиббӣ буда, ба шахси дигари издивоҷкунанда танҳо бо ризоияти шахси муоинашуда маълум гардонида шуданаш мумкин аст.

3. Агар яке аз издивоҷкунандагон аз дигаре ба бемории венерикӣ ва ё "вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният" мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар (охирин) метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани никоҳро талаб намояд (моддаҳои 28-31 ҳамин кодекс).

Б о б и 4 Ақди қатъи никоҳ

Моддаи 16. Асосҳои қатъи ақди никоҳ

1. Ақди никоҳ дар натиҷаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.

2. Ақди никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.

Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид ба талаби бекор кардани ақди никоҳ

Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд.

Моддаи 18. Тартиби бекор кардани ақди никоҳ

Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин кодекс ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.

Моддаи 19. Бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (хориҷ карда шуд қ ҷт аз29.04.2006 №183)

Моддаи 20. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар байни зану шавҳар ба миён меоянд

Баҳсҳо дар хусуси тақсими амволи муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", сарфи назар аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд.

Моддаи 21. Бекор кардани ақди ақди никоҳ дар суд

1. Ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар кисми 2 моддаи 19 ҳамин кодекс пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад.

2. Ақди никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани ақди никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.

Моддаи 22. Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ

1. Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад.(қҷт аз 20.03.08 №382)

2. Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.

3. Агар суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.

Моддаи 23. Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии мутақобилаи зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ

1. Агар зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғи муштарак, инчунин зану шавҳари дар кисми 2 моддаи 21 ҳамин кодекс тазаккурьёфта барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд.

2. Ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.

Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳал менамояд

1. Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти амволи зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд.

2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрьёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:

- муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз падару модар зиндагӣ мекунанд;

- муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;

- бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) амволи дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд;

- бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.

3. Дар мавриде, ки агар тақсими амвол ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими амволро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад.

Моддаи 25. Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ

1. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ мегардад.

2. Бекор кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқӣ дорад.

Моддаи 26. Барқарор намудани ақди никоҳ дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки фавтида эълон шуда ё бедарак ғоибшуда дониста шудааст

1. Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ақди никоҳро барқарор намояд.

2. Агар зан ё шавҳар бо дигаре издивоҷ карда бошад, ақди никоҳ барқарор карда намешавад.

Моддаи 27. (хориҷ карда шуд қ ҷт аз 29.04.2006 №183)

Б о б и 5 Беэътибории ақди никоҳ

Моддаи 28. Беэътибор донистани ақди никоҳ

1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12, 14 ва қисми 3 моддаи 15 ҳамин кодекс, инчунин дар мавриди бастани ақди никоҳи қалбакӣ, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо ақди никоҳро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, ақди никоҳ беэътибор дониста мешавад. Ақди никоҳе, ки маҷбурӣ ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи ҷабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст.

2. Ақди никоҳ аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.

3. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани ақди никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ фиристад.

4. Ақди никоҳ аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор дониста мешавад.

Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд

1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд:

Зан ё шавҳари ноболиғ, падару модари ӯ (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парасторӣ ё прокурор - агар ақди никоҳ бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида ҳангоми мавҷуд набудани иҷозати ақди никоҳ то ба синни ақди никоҳӣ расиданаш (моддаи 13 ҳамин кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани н ақди икоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад; (қҷт аз 21.07.10. №613)

Зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи ӯ ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор - агар ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар; дар натиҷаи маҷбуркунӣ, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;

Зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавҷуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳӣ надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз ақди никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари ақди никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарастӣ ва прокурор;

Прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар хусуси қалбакӣ будани он огоҳӣ надошт;

Зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқаш ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар кисми 3 моддаи 15 ҳамин кодекс зикргардида, поймол гардидааст.

2. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани ақди никоҳи бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парасторӣ ҷалб карда мешавад.

Моддаи 30. Эътиборнок донистани ақди никоҳ (санатсияи ақди никоҳ)

1. Суд метавонад ақди никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.

2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани ақди никоҳе, ки бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиғ талаб намояд.

3. Суд метавонад ақди никоҳи қалбакиро ҳақиқӣ эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки ақди никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношӯӣ ба вуҷуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилавӣ розӣ бошанд, ба шарте, ки ҳақиқӣ донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.

4. Ақди никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқӣ дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуҷуд доштани дараҷаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар ақди никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин кодекс) қарор дошта бошанд.

Моддаи 31. Оқибати ақди никоҳи беэътибор донисташуда

1. Ақди никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.

2. Нисбати амволи якҷоя бадастовардаи шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон дар бораи моликияти умумии саҳмӣ истифода мешавад. Шартномаи ақди никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад.

3. Беэътибор донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқи кӯдаконе, ки аз ин ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рӯзи баъди беэътибор донистани ақди никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин кодекс).

4. Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими амволи то рӯзи беэътибор донистани ақди никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин кодекс муайянгардидаро татбиқ кунад, инчунин шартномаи ақди никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад.

Зан ё шавҳаре, ки дар натиҷаи бастани ақди никоҳи аз ҷониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунҳои гражданӣ ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.

5. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад фамилияеро, ки ҳангоми сабти ақди никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад.

Ф а с л и 3 Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои зану шавҳар

Боби 6 Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои шахсии зану шавҳар

Моддаи 32. Баробарии зану шавҳар дар оила

1. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳали будубош озод аст.

2. Масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд.

3. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд.

Моддаи 33. Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби фамилия

1. Зану шавҳар ҳангоми ақди никоҳ дар интихоби фамилия баробарҳуқуқ мебошанд.

2. Интихоби фамилияи зану шавҳар бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" амалӣ карда мешавад.

Боби 7 Ҳуқуқи амволии зану шавҳар

Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар

1. Амволе, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад.

2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, чизҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна амволи манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад.

3. Ҳуқуқ ба амволи муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.

Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар

1. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, бо ризоияти мутақобилаи онҳо сурат мегирад.

2. Ҳангоми аз ҷониби зан ё шавҳар анҷом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории амволи умумӣ чунин тасаввур мешавад, ки ӯ бо розигии ҳамсари худ амал мекунад.

Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории амволи умумӣ анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме, ғайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд норозӣ будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист.

3. Барои анҷоми муомилоти вобаста бо ихтиёрдории амволи ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи наториалии давлатӣ тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад.

Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми амволи ба худаш таалуқ дошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши амвол ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунинмуомилот ё пардохти пули онро талаб намояд.

Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар

1. Амволе, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин амволе, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадья ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад.

2. Ашьёи истифодаи шахсӣ (либос пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.

3. Суд метавонад амволеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндагӣ карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд.

Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани амволи ҳар кадоми онҳо

Амволи ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ аз ҳисоби амволи умумии зану шавҳар ё амволи шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши амволи ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 38. Тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

1. Тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношӯӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз ҷониби қарздиҳанда талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад.

2. Дар сурати тақсими амволи умумии зану шавҳар дар давраи заношӯӣ он қисми амволи умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин амволе, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии онҳоро ташкил медиҳад.

3. Амволи умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими амволи муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин амвол он ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад.

4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.

5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби амволи умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, амволи мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд.

6. Нисбати талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими амволи муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношӯӣ ҷамъ овардаанд, мӯҳлати сесолаи даъво истифода мешавад.

Моддаи 39. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

1. Ҳангоми тақсими амволе, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар амволи умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ ё манфиати қобили таваҷҷӯҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё амволи умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ мумкин аст зиёд карда шавад.

3. Ҳангоми тақсими амволи умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои ӯ муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари ӯ метавонад ҷубронпулӣ ё ҷуброни дигар муқаррар карда шавад.

4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими амволи умумӣ дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад.

5. Ашёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои кӯдакона ва ғайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо ӯ зиндагӣ мекунанд, бе ҷуброн гузошта мешаванд.

Б о б и 8 Аҳдномаи ақди никоҳ

Моддаи 40. Аҳдномаи ақди никоҳ

Аҳдномаи ақди никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва ( ё ) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.

Моддаи 41. Бастани аҳдномаи ақди никоҳ

1. Аҳдномаи ақди никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад.

Аҳдномаи ақди никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.

2. Аҳдномаи ақди никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.

Моддаи 42. Мундариҷаи аҳдномаи ақди никоҳ

1. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи ақди никоҳ низоми моликияти муштараки ба амволи умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми амволи дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми амволи умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.

Аҳдномаи ақди никоҳ метавонад ҳам нисбати амволи мавҷуда ва ҳам нисбати амволи ояндаи зану шавҳар баста шавад.

Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи ақди никоҳ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва амволеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои амволиашонро дохил намоянд. (қҷт аз 20.03.08 №382)

2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мӯҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.

3. Аҳдномаи ақди никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё амалии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволии байни зану шавҳар; ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну мӯҳтавои қонунҳои оила бошанд.

Моддаи 43. Тағйир додани аҳдномаи ақди никоҳ

1. Аҳдномаи ақди никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё беэътибор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё беэътибор донистани аҳдномаи ақди никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи ақди никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад.

Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи ақди никоҳ иҷозат дода намешавад.

2. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи ақди никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.

3. Амали аҳдномаи ақди никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи ақди никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.

Моддаи 44. Беэътибор донистани аҳдномаи ақди никоҳ

1. Аҳдномаи ақди никоҳ бо асосҳое, ки дар кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон барои беэътибории муоҳидаҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад.

2. Аҳдномаи ақди никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.

Моддаи 45. Аҳдномаҳои дигар доир ба амвол

Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ аҳдномаи ҳадя, хариду фурӯш ва ҳама гуна аҳдномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна аҳдномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунҳои гражданӣ танзим мегарданд.

Боби 9 Масъулияти зану шавҳар аз рeи eҳдадориҳо

Моддаи 46. Ситонидани маблағ аз амволи зану шавҳар

1. Аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблағ танҳо аз амволи ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин амвол кредитор ҳақ дорад ҷиҳати ситонидани қарз ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз амволи умумии онҳо талаб кунад.

2. Ситонидани маблағ аз амволи умумии зану шавҳар аз рӯи ӯҳдадориҳои умумии зану шавҳар, инчунин он аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз онҳо сурат мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳамаи чизҳои мувофиқи ӯҳдадорӣ гирифтаи зан ё шавҳар барои эҳтиёҷоти оила масраф шудаанд

3. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки амволи дар моликияти муштараки зану шавҳар буда аз маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мутаносибан аз амволи умумии зану шавҳар ё аз як қисми он ситонида мешавад.

4. Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути қонунҳои гражданӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 47. Кафолати ҳуқуқи қарздиҳандагон ҳангоми бастани ақди никоҳ ё тағйир додан ва беэътибор кардани аҳдномаи ақди никоҳ

1. Ҳамсар вазифадор аст, ки дар хусуси бастан, тағйир додан ё қатъ кардани аҳдномаи ақди никоҳ қарздиҳандаи (қарздиҳандагони) худро огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, ҳамсар, сарфи назар аз мӯҳтавои аҳдномаи ақди никоҳ, тибқи ӯҳдадориҳои худ масъулият дорад.

2. Қарздиҳандаи (қарздиҳандагони) зан ё шавҳари қарздор ҳуқуқ дорад вобаста ба ҳолатҳои моҳиятан тағйир ёфтани вазъият, тибқи тартиби муқаррарнамудаи кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон, тағйир додани шарту шароит ё бекор кардани аҳдномаи байни онҳо басташударо талаб намоянд.

Ф а с л и 4 Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Боби 10 Муқаррар намудани аслу насаби фарзандон

Моддаи 48. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.

Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу насаби кӯдак

1. Аслу насаби кӯдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.

2. Агар кӯдак аз шахсоне, ки бо ҳам ақди никоҳи ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рӯзи пас аз қатъи ақди никоҳ ё беэътибор донистани ақди никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин кодекс).

3. Агар модар арз кунад, ки падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) ӯ нест, падари кӯдак мувофиқи қоидаҳои муқаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин кодекс муқаррар карда мешавад.

4. Падар будани шахсе, ки бо модари кӯдак ақди никоҳ надорад, бо роҳи аз ҷониби падару модари кӯдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани ариза; дар сурати фавти модар, ғайри қобили амал эътироф гардидани ӯ, имконнопазирии муайян намудани маҳали буду боши модар ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудани ӯ бошад, дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофиқаи мақоми васояту парасторӣ ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кӯдак ғайриимкон ё мушкил мебошад, падару модари кӯдаки оянда, ки ақди никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кӯдак сурат мегирад.

5. Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида танҳо бо розигии ӯ ва агар ин шахс ғайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васӣ ё мақоми васояту парастории ӯ мумкин аст.

Моддаи 50. Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ

1. Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасхе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.

2. Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.

Моддаи 51. Аз ҷониби суд муқаррар намудани далели эътирофи падарӣ

Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ ба тартиби судӣ муқаррар карда шавад.

Моддаи 52. (хориҷ карда шуд қ ҷт аз 29.04.2006 №183)

Моддаи 53. Баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ)

1. Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кӯдак, ки мутобиқи қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кӯдак аз шахсони дар он зикргардида буда он танҳо ба тартиби судӣ бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кӯдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кӯдак мебошад, инчунин аз ҷониби васии падару модари қудак, инчунин худи кӯдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.

2. Талаби шахсе, ки дар асоси қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" падари кӯдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падарӣ қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак намебошад.

3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кӯдак сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кӯдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба ӯ сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс кунад. Агар то ин муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ ҳисоб шавад, мӯҳлати як сол аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Моддаи 54. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд

Агар падарӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50-51 ҳамин кодекс муқаррар карда шуда бошад, фарзандон нисбати падару модар ва хешу ақрабояшон ҳамон ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро доранд, ки кӯдакони аз шахсони бо ҳам никоҳбаста таваллудёфта доранд.

Боби 11 Ҳуқуқи кeдакони ноболиӣ

Моддаи 55. Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила

1. Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст.

2. Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.

Дар сурати набудани падару модар, аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин кодекс аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 56. Ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо

1. Кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.

Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.

2. Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ҳабс, дар маҳбас нигоҳ доштан, дар муассисаи тиббӣ будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 57. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя

1. Кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.

Ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин кодекс, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.

2. Кӯдак ҳуқуқ дорад аз сӯиистифодаи падару модар (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.

Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, ё аз ҷумла иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кӯдак ё суиистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад.

3. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кӯдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар оила огоҳӣ пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кӯдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак чораҳои зарурӣ андешад.

Мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти милитсия ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ кардани кӯдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст, бемонеа ворид шаванд.

Моддаи 57(1). Ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ

Кӯдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гунна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ӯ дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кӯдаки аз сини даҳсола боло ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кӯдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намояд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таълимии томактабӣ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва падару модар барои озодона изҳор намудани фикри кӯдак бояд дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд.

Моддаи 58. Ҳуқуқи кӯдак ба доштани ном, номи падар ва фамилия

1. Кӯдак ба доштани ном, номи падар ва фамилия ҳуқуқ дорад.

2. Тартиби сабти ном, номи падар ва фамилия дар асоси қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" сурат мегирад.

Моддаи 59. (хориҷ карда шуд қҷт аз 29. 04. 2006 №183)

Моддаи 60. Ҳуқуқи амволии кӯдак

1. Кӯдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин кодекс аз падару модари худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад.

2. Кӯдак ба даромади бадастоварда, амволи ҳадя ё меросгирифта ва ҳама гуна амволи дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад.

Ҳуқуқи кӯдак барои ихтиёрдории амволи таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории граждании ҷумҳурии тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар сурати ваколати идоракунии амволи кӯдакони ноболиғро анҷом додани падару модар нисбат ба онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунҳои гражданӣ дар мавриди ихтиёрдории амволи шахси таҳти парасторӣ гирифташуда пешбинӣ шудаанд.

3. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар, кӯдак ҳуқуқи моликият ба амволи онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба амволи кӯдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, амволи ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд.

4. Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кӯдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволи умумӣ тибқи қонунҳои гражданӣ муайян карда мешавад.

Боби 12 Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар

Моддаи 61. Баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар

1. Падару модар нисбати фарзандонашон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи падару модар).

2. Ҳуқуқҳои падару модар, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани мукаллафияти пурра, қатъ мегардад.

Моддаи 62. Ҳуқуқи падару модари ноболиғ

1. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд.

2. Падару модари ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва падару модари ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд. (қҷт аз 21.07.10.№ 613)

3.падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо ба тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд. . (қҷт аз 21.07.10.№ 613)

Моддаи 63. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадорӣ мебошанд.

Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

2. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд.

Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти умумии асосӣ интихоб намоянд.

Моддаи 64. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон

1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғ ба зиммаи падару модари онҳо гузошта мешавад.

Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳамагуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо ҳимоя менамоянд.

2. Падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кӯдакон мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон намоянда таъин кунанд.

Моддаи 65. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар

1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории падару модар бошад.

2. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё суиистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

3. Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро падару модар бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кӯдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати ҷой доштани ихтилофот, падару модар (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотхо метавонанд ба мақоми васояту парасторӣ ё суд муроҷиат кунанд.

4. Ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи моддӣ ва оилавии падару модар ва ғайраро) ба инобат мегирад.

Моддаи 66. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад

1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд.

Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

2. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд.

Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби падару модар (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, ҳал менамояд.

3. Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, дар хусуси ба ӯ додани кӯдак ҳалнома қабул намояд.

4. Падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавҷуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 67. Ҳуқуқи бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак

1. Бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ доранд.

2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.

3. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.

Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ татбиқ мешаванд.

Моддаи 68. Ҳимояи ҳуқуқи падару модар

1. Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.

2. Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро ба тарбияи мақоми васояту парасторӣ медиҳад.

Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

1. Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:

- аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;

- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намоянд;

- аз ҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намоянд;

- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;

- майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;

- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.

Моддаи 70. Тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

1. Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ ба амал бароварда мешавад.

Парвандаи оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар асоси аризаи яке аз падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парасторӣ, муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз ғамхории падару модар маҳруммонда ва ғайра), баррасӣ мегардад.

2. Парвандаҳои оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.

3. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак ситонидани алиментро аз падару модари (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта ҳал мекунад.

4. Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар амалҳои падару модар (яке аз онҳо) аломатҳои кирдори сазовори ҷазои ҷиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огоҳ созад ё парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад.

Моддаи 71. Оқибати маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

1. Падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кӯдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин кодекс аз кӯдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.

2. Маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.

3. Масъалаи минбаъд якҷоя зиндагӣ кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.

4. Кӯдаке, ки нисбати ӯ падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи амволии дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.

5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кӯдак ё дар сурати аз ҳуқуқи падару модар маҳрум шудани падару модар кӯдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад.

6. Ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модараш маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани мӯҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст.

Моддаи 72. Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ

1. Ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад.

2. Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.

3. Ҳамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст талаби баргардонидани кӯдак ба падару модар баррасӣ карда шавад.

4. Суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин аст.

Агар кӯдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхондӣ беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин нест.

Моддаи 73. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ

1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома қабул намояд.

2. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак ба сабабҳои аз онҳо новобаста (дар асари ноқисии рӯҳӣ ё дигар бемории кӯҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад.

Гирифтани кӯдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кӯдак бо падару модар (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кӯдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ асоси кофӣ вуҷуд надорад. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар давоми шаш моҳи баъди аз ҷониби суд гирифтани кӯдак рафтори худро ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани ӯ даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд ба манфиати кӯдак то гузаштани ин мӯҳлат дар мавриди маҳрум кардани падар ё модар ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ даъво пешниҳод кунанд.

3. Даъво дар хусуси гирифтани кӯдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин кодекс), муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кӯдак, инчунин прокурор пешниҳод шуда метавонад.

4. Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.

5. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.

6. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати 3 рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак фиристад.

Моддаи 74. Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ

1. Падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кӯдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.

2. Аз падару модар гирифтани кӯдак падару модарро аз ӯҳдадории таъминоти ӯ озод намекунад.

3. Кӯдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи амволиеро, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.

4. Кӯдаки аз падару модар (падару модар) гирифташуда ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супурда мешавад.

Моддаи 75. Муоширати кӯдакон бо падару модаре, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст

Ба падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кӯдак иҷозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кӯдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок набошад. Муоширати падару модар бо кӯдак бо розигии мақомоти васояту парасторӣ ё васӣ (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кӯдак дар он мебошад, мумкин аст.

Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ

1. Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ сабаб шуда, аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои падару модар (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин кодекс пешбинишуда ҳалнома қабул намояд.

2. Суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.

Моддаи 77. Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ

1. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.

2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар мӯҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 78. Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон

1. Ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон сарфи назар аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро кӣ пешниҳод кардааст, мақоми васояту парасторӣ бояд ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб карда шавад.

2. Мақoми васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии кӯдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани ӯро дорад, санҷиш намуда, ба суд санади санҷиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.

Моддаи 79. Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон

1. Иҷрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи граждании ҷумҳурии тоҷикистон аз ҷониби иҷрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ ба амал бароварда мешавад.

2. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кӯдакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парасторӣ ва шахсе (шахсоне), ки кӯдак ба ӯ дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти милитсия ба амал бароварда мешавад.

3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.

4. Агар падар ё модар (шахси дигар, ки кӯдак таҳти парастории ӯ қарор дорад) барои амалӣ кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ӯ чораҳое,ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд.

Ф а с л и 5 Eҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои оила

боби 13 Eҳдадории алиментдиҳии падару модар ва фарзандон

Моддаи 80. Eҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ

1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.

2. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин кодекс) банданд.

3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.

4. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар ( яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

Моддаи 81. Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад

1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.

2. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.

3. Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.

Моддаи 82. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад

Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 83. Ба маблағи устувор ситонидани алимент барои кӯдакони ноболиғ

1. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.

2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ муайян карда мешавад.

3. Агар дар назди ҳар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пулӣ, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.

Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

1. Барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кӯдак пардохта мешавад.

2. Алименте, ки аз падару модар барои кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шӯъбаи бонки амонатгузории ҷумҳурии тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад.

Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат ба алимент

1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.

2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кӯдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян менамояд.

Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент

1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад.

2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян карда мешавад.

Моддаи 87. Иштироки падару модар дар хароҷоти иловагӣ барои фарзандон

1. Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маиб шудани кӯдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра) ҳар яке аз падару модар аз ҷониби суд барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.

Тартиби иштироки ҳар кадоме аз падару модарро дар хароҷоти иловагӣ аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта мешавад, муайян мегардад.

2. Суд ҳуқуқ дорад падару модарро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад, вазифадор созад.

Моддаи 88. Eҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини падару модар

1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки падару модари ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.

3. Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устувор муайян карда мешавад.

4. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад.

5. Фарзандон аз ӯҳдадориҳои таъмини падару модари ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.

Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.

Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловагӣ барои падару модар

1. Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати падару модари ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра) суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.

2. Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин кодекс муайян карда мешавад.

3.тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ ва андозаи ин хароҷотро бо созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.

Боби 14 Eҳдадориҳои алиментдиҳии зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ

Моддаи 90. Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар

1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.

2. Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблaғи зарурӣ дорад, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:

- зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;

- зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад.

Моддаи 91. Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ

1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд алимент талаб кунанд:

- зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

- зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад;

- зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани ақди никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;

- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ буда бошанд.

2. Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани ақди никоҳ тибқи созишномаи байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст

Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби судӣ барои таъминоти зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ ситонида мешавад

Дар сурати мавҷуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оиди пардохти алимент андозаи алименте, ки ба тартиби судӣ ҳар моҳ барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян мегардад.

Моддаи 93. Аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани мӯҳлати ӯҳдадорӣ

Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи ақди никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мӯҳлати ин ӯҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад:

- агар корношоямии зан ё шавҳари мӯҳтоҷ дар натиҷаи суиистеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маводи нашъадор ё қасдан ҷиноят содир намудани ӯ ба амал омада бошад;

- агар хонадории зану шавҳар камтар аз панҷ сол давом карда бошад;

- агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.

Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар

Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:

- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям вафот кунад;

- агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;

- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.

Боби 15 Eҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила

Моддаи 95. Eҳдадории бародарону хоҳарон оиди таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиғи корношоями худ

Бародарону хоҳарони ноболиғи мӯҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби судӣ аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент гиранд. Чунин ҳуқуқ инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё падару модарашон таъминотпулӣ гирифта натавонанд.

Моддаи 96. Eҳдадории бобою бибӣ (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ

Набераҳои ноболиғи мӯҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.

Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё падару модарашон таъминот гирифта натавонанд.

Моддаи 97. Eҳдадориҳои набера оид ба таъминоти бобою бибӣ (модаркалон)

Бобою бибии (модаркалони) мӯҳтоҷи корношоям дар сурати аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент талаб кунанд.

Моддаи 98. Eҳдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти падарандар ва модарандар

1. Падарандар ва модарандари корношоями мӯҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат, ки маблағи зарурӣ доранд, ба тартиби судӣ таъминот талаб намоянд.

2. Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо ӯҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анҷом дода бошанд.

Моддаи 99. Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад

1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.

2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.

3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар ӯҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои ӯҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ӯҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.

Боби 16 Созишномаи пардохти алимент

Моддаи 100. Бастани созишномаи пардохти алимент

Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент - дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.

Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент

1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст.

2. Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.

Моддаи 102. Тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент

1. Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рӯи меъёрҳои кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон сурат мегирад, ки бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ тавассути онҳо танзим мегарданд.

2. Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.

3. Якҷониба иҷро накардани созишномаи пардохти алимент ё якҷониба тағйир додани шартҳои он мумкин нест.

4. Дар сурати ҷиддӣ тағйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.

Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад

Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кӯдакони ноболиғ ё аъзои болиғи ғайриқобили амали оила манфиати онҳоро поймол кунад, аз ҷумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кӯдаки ноболиғ ё кӯдаки аъзои болиғи ғайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парасторӣ ё прокурор ба тартиби судӣ беэътибор донистан мумкин аст.

Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад

1. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.

2. Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кӯдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 ҳамин кодекс) камтар буда наметавонад.

Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент

1. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.

2. Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани амвол ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад.

Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.

Моддаи 106. Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент сурат мегирад

Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома сурат мегирад. Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби индексация пешбинӣ нашуда бошад, индексация мутобиқи моддаи 119 ҳамин кодекс сурат мегирад.

Боби 17 Тартиби пардохт ва ситонидани алимент

Моддаи 107. Бо ҳалномаи суд ситонидани алимент

Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд.

Моддаи 108. Мӯҳлати муроҷиат барои алимент

1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.

2. Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.

Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани алимент

1. Аз рӯи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кӯдакони ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.

2. Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин кодекс муайян карда мешавад.

Моддаи 110. Eҳдадории маъмурияти ташкилот дар бораи доштани алимент

Маъмурияти ташкилоти ҷои кори шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иҷро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рӯзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.

Моддаи 111. Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент

Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблағи умумии нигоҳдошташаванда дар асоси созишнома ва варақаҳои иҷро аз панҷоҳ фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад.

Моддаи 112. Eҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда

1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз ҷониби идораи наториалии давлатй тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз ба иҷрочии суди маҳали иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси ҷои нави кор ё истиқомати ӯ хабар диҳад.

2. Шахсе, ки барои додани алимент ӯҳдадор аст, бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ба иҷрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани ҷои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кӯдакони ноболиғ инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловагӣ хабар диҳад.

3. Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 113. Ситонидани маблағ аз ҳисоби амволи алиментдиҳанда ҳангоми додани алимент

1. Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблағи алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари кредитӣ мебошанд, инчунин аз маблағҳои тибқи қарордод дар ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ гузошта шудаанд, ба ғайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.

Дар сурати нокифоя будани ин маблағ алимент аз ҳисоби ҳама гуна амволи алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблағ ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад.

2. Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва амволи дигари ӯ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои ҳумҳурии тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста ба алимент

1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иҷро барои мӯҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.

2. Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мӯҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин кодекс муқарраргардида барои тамоми давра ситонида мешавад.

3. Андозаи қарзро иҷрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.

4. Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин кодекс барои кӯдаки ноболиғ додашаванда бо назардошти музди воқеии меҳнат ва даромади дигари қарздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар қарздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиқкунандаи музди меҳнат ва даромади дигари ӯ пешниҳод нагарданд, қарз дар асоси музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурии тоҷикистон дар лаҳзаи ситонидани қарз муайян карда мешавад.

5. Агар чунин муайянкунии қарз манфиати яке аз тарафҳоро ҷиддӣ поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ қарзро бо маблағи устувори пулӣ муайян кунад.

6. Ҳангоми розӣ набудан бо муайянкунии қарзи алимент аз ҷониби иҷрочии суд ҳар яке аз тарафҳо метавонад тибқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ аз амали иҷрочии суд шикоят кунад.

Моддаи 115. Озод кардан аз додани қарзи алимент

1. Ҳангоми додани алимент барои кӯдакони ноболиғ бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.

2. Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ӯро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ӯ имконият намедиҳад, ки қарзашро пӯшонад.

Моддаи 116. Масъулият барои сари вақт напардохтани алимент

1. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки ӯҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.

2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми даҳ фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад.

Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ӯҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ӯҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.

Моддаи 117. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва пас талаб карда руёнидани алимент

1. Пардохтҳои алиментӣ аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат гирифта наметавонад.

2. Пас талаб карда гирифтани маблағи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:

- бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби маълумоти ғалат ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда;

- беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зӯроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;

- бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иҷро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.

3. Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби намояндаи кӯдаки ноболиғ ё аъзои болиғи ғайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблағи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои шахси барои пардохти алимент ӯҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.

Моддаи 118. Индексацияи пардохтҳои алимент

1. Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнатӣ тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад.

2. Ба мақсади индексация суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пулӣ, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд.

Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати доимӣ ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда

1. Шахсоне, ки барои сукунати доимӣ ба давлате мераванд, ки ҷумҳурии тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хаттӣ ба имзо расонанд ва он бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ арда шавад.

2. Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани амволи мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд.

Моддаи 120. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент

1. Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.

2. Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент ӯҳдадоршуда қасдан ҷиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи қобили амал рад намояд.

Моддаи 121. Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои алимент

1. Eҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мӯҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.

2. Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

- дар сурати ба балоғат расидани кӯдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кӯдакони ноболиғ;

- баъди фарзандхондӣ шудани кӯдаке, ки барои таъминоти ӯ алимент ситонида мешуд;

- пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёна ё олӣ хатм кардани кӯдакони ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин кодекс муқарраргардида расидани онҳо;

- ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мӯҳтоҷии алиментгиранда;

- дар сурати аз нав издивоҷ кардани зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин кодекс);

- вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ӯҳдадор аст.

Ф а с л и 6 Шаклҳои тарбияи кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Б о б и 18 Ошкор ва ҷобаҷокунии кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Моддаи 122. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

1. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ҳолатҳои фавти падару модар, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тӯлонӣ ғайриҳозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби падару модар рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории падару модар, ба зимаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Мақомоти васояту парасторӣ кӯдаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории падару модар усули ҷобаҷосозии кӯдакони бе парастории падару модар мондаро (моддаи 124 ҳамин кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амалӣ менамоянд.

Ба ғайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модар монда, иҷозат дода намешавад.

2. Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ намудани васояту парастории кӯдакони бе парастории падару модар монда аз ҷониби мақомоти зикргардида, бо ҳамин кодекс ва кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 123. Ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони бе парастории падару модар монда

1. Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои маълумоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кӯдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин кодекс зикргардида маълумот доранд, ӯҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории маҳали воқеии зисти кӯдакон хабар диҳанд.

Мақоми васояту парасторӣ дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар ӯҳдадор аст шароити зисти кӯдакро санҷида, дар сурати муқаррар намудани далели аз парастории падару модар ё хешу ақрабо маҳрум будани ӯ, то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кӯдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯро таъмин намояд.

2. Роҳбарони муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кӯдакони бе парастории падару модар монда ҷойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мӯҳлати ҳафт рӯз аз рӯзи барояшон аён гардидани он, ки кӯдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур хабар диҳанд.

3. Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ, инчунин барои дигар кирдоре, ки ҷиҳати пинҳон кардани кӯдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парасторӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 124. Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

1. Кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхондӣ), тaҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият дар муассисаҳои кӯдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кӯдакони бе парастории падару модар монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) ҷойгир карда шаванд.

Ҳангоми ҷобаҷо намудани кӯдак бояд баромади этникии кӯдак, мансубияти мазҳабӣ ва фарҳангӣ, забони модарӣ, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар гирифта шавад.

2. То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иҷрои вазифаи ваcӣ (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Боби 19 Фарзандхондӣ

Моддаи 125. Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст

1. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда мебошанд.

2. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода мешавад.

3. Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 126. Тартиби ба фарзандхондӣ қабул кардан

1. Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.

Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокуратура баррасӣ мегардад.

2. Шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза медиҳанд.

3. То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.

Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кӯдак маълумот диҳанд.

4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.

Фарзандхонд шудани кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.

Моддаи 126(1). Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кӯдак

Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзандхондии кӯдак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кӯдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдакро доранд, манъ мебошад.
Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.
Ҷавобгарӣ барои фаъолияти миёнаравӣ тибқи қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 127. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд

1. Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи ҷумҳурии тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:

- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;

- шахсоне,ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;

- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст;

- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;

- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;

- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кардааст;

- шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;

- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;

- шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан ба фарзандхондӣ қабул кунанд.

Моддаи 128. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда

1. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз ҳабдаҳ сол кам набошад. . (қҷт аз 21.07.10.№ 613)

2. Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.

Моддаи 129. Розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак

1. Барои фарзандхондии кӯдак розигии падару модари кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки падару модари ноболиғи ба синни ҳабдаҳсолагӣ нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии мақоми васояту парасторӣ зарур аст. . (қҷт аз 21.07.10.№ 613)

Розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи идораи наториалии давлатй ё маъмурияти муассисае, ки кӯдаки бе парастории падару модар монда дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат мегирад ё маҳалли истиқомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён карда шавад.

2. Падару модар ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхондӣ додани кӯдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхонӣ бозпас талаб кунанд.

3. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кӯдак ба фарзандхондӣ қабул кардани ӯ чунин хулоса талаб карда намешавад.

Моддаи 130. Фарзандхондии кӯдак бе розигии падару модар

Дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:

- онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;

- суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;

- суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохта бошад (бо риояи талаботи қисми 6 моддаи 71 ҳамин кодекс);

- бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд.

Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кӯдакони бепарастормонда дар онҷо қарор доранд, барои фарзандхондӣ

1. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст.

Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.

2. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кӯдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.

Моддаи 132. Фикри кӯдаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшавӣ

1. Барои фарзандхондӣ намудани кӯдаке, ки ба синни даҳсолагӣ расидааст, фаҳмидани фикри ӯ лозим аст.

2. Агар кӯдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси ӯро ба фарзандхондӣ гиранда зиндагӣ карда, ӯро падар ё модари худ шуморад, фарзандхондӣ метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат гирад.

Моддаи 133. Розигии ҳамсари шахсе, ки кӯдакро ба фарзандхондӣ мегирад

1. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кӯдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.

2. Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ӯ барои фарзандхондӣ зарур нест.

Моддаи 134. Ном, номи падар ва фамилияи кӯдаки фарзандхондшуда

1. Ном, номи падар ва фамилияи кӯдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад.

2. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда фамилияи фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кӯдаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун фамилия гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда ҷинси зан бошад ба кӯдаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан ӯро ба сифати падари кӯдаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар фамилияи зану шавҳари фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кӯдаки ба фарзандхондӣ гирифтаашон фамилияи яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин кодекс фамилия дода мешавад.

3. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши ӯ фамилия ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.

4. Тағйир додани фамилия, ном ва номи падари кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.

5. Дар бораи тағйир додани фамилия, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.

Моддаи 135. Тағйир додани санаи таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда

1. Ба мақсади таъмин намудани маҳрамияти фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондагон рӯзи таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда метавонад тағйир дода шавад, вале ба муддати на зиёдтар аз се моҳ. Тағйир додани рӯзи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдаки навзод (то яксола) мумкин аст.

2. Оид ба дигар кардани рӯзи таваллуди кӯдаки фарзандхоншуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кӯдак зикр карда мешавад.

Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда

1. Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.

2. Барои чунин сабт нисбати кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 32 ҳамин кодекс, розигии кӯдак зарур аст.

3. Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ нишон дода мешавад.

Моддаи 137. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кӯдак

1. Кӯдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ аз рӯи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд.

2. Кӯдакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ғайриамволӣ ва амволии шахсиро аз даст дода, аз ӯҳдадориҳо нисбати онҳо озод мешаванд.

3. Ҳангоми ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, ҳуқуқҳои ғариамволӣ ва амволии шахсӣ ва ӯҳдадориҳо бо хоҳиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хоҳиши падар нигоҳ дошта шуда метавонад.

4. Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кӯдак) ҳуқуқу ӯҳдадорӣ нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кӯдак талаб кунад. Ҳуқуқи падару модари падар ё модари фавтида барои муошират бо кӯдаки фарзандхондшуда мутобиқи моддаи 67 ҳамин кодекс амалӣ мегардад.

5. Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кӯдаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.

6. Оқибати ҳуқуқии ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кӯдак фаро мерасад.

Моддаи 138. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ

Кӯдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.

Моддаи 139. Маҳрамияти фарзандхондии кӯдак

1. Маҳрамияти фарзандхондии кӯдакро қонун муҳофизат мекунад. Судьяҳое, ки дар бораи фарзандхондӣ ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анҷом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхондӣ огоҳанд, бояд маҳрамияти фарзандхондиро нигоҳ доранд.

2. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки маҳрамияти фарзандхондии кӯдакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 140. Бекор кардани фарзандхондии кӯдак

1. Фарзандхондии кӯдак ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.

2. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, инчунин прокурор баррасӣ мешавад.

3. Фарзандхондӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак қатъ мегардад.

Суд вазифадор аст дар давоми се рӯзи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кӯдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ фиристад.

Моддаи 141. Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кӯдак

1. Фарзандхондии кӯдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ саркашӣ кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ сӯиистифода намоянд, бо кӯдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд.

2. Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кӯдак фарзандхондиро бо сабабҳои дигар низ бекор кунад.

Моддаи 142. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор кардани фарзандхондии кӯдакро доранд

Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кӯдакро падару модари ҳақиқии кӯдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кӯдакони фарзандхондшуда, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ, инчунин прокурор доро мебошанд.

Моддаи 143. Оқибати бекор кардани фарзандхондии кӯдак

1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни кӯдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кӯдак тақозо кунад.

2. Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кӯдак бо ҳалномаи суд ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кӯдак хилофи манфиати ӯ бошад, кӯдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад.

3. Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва фамилияи кӯдакро, ки бо сабаби фарзандхондӣ ба ӯ дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, фамилия ё номи падари кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.

4. Суд бо назардошти манфиати кӯдак, ҳуқуқ дорад фарзандхондкардагони собиқро ӯҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин кодекс барои таъминоти кӯдак маблағ пардозанд.

Моддаи144. Номумкинии бекор кардани фарзандхондӣ баъди ба ба балоғат расидани кӯдаки фарзандхондшуда

Бекор кардани фарзандхондии кӯдак мумкин нест, агар кӯдаки фарзандхондшуда то лаҳзаи пешниҳоди талаби бекор кардани фарзандхондӣ ба балоғат расида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ин гуна бекоркунӣ розигии байни шахси фарзандхондкарда ва кӯдаки фарзандхондшуда, инчунин падару модари ӯ, агар онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум нашуда бошанд ва суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф накарда бошад.

Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак

Фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:

- ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;

- фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;

- шахси ба балоғатрасида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;

- фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайриқобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад;

- шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бошад;

- шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз ӯҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;

- фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;

- шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор диҳад, аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 146. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак

1. Фарзандхондии кӯдак аз лаҳзаи қабули ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони ӯ ва фарзандхонд, ки аз фарзандхондӣ бармеоянд, аз байн мераванд.

2. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз дар хусуси эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки фарзандхондӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.

Боби 20 Васоят ва парастории ноболиuон

Моддаи 147. Ноболиғоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд

1. Васояту парасторӣ барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 ҳамин кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, маълумотноккунӣ, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.

2. Васоят барои ноболиғони то синии чордаҳсола муқаррар карда мешавад.

3. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад.

4. Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кӯдакони ноболиғ тавассути кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболиғон

1. Танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд.

2. Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:

- шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:

- шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;

- шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё парасторӣ озод карда шудаанд;

- шахсони мубталои майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ (қисми 1 моддаи 127 ҳамин кодекс) наметавонанд ӯҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак анҷом диҳанд.

3. Анҷом додани вазифаҳои васоят ва парасторӣ нисбат ба шахсони ноболиғ ба зиммаи шӯъбаҳои маориф, нисбат ба шахсони ноболиғе, ки суд ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст ба зиммаи шӯъбаҳои тандурустӣ ва нисбат ба онҳое, ки қoбили амал буда, бинобар аҳволи саломатӣ ба парасторӣ эҳтиёҷманданд ба зиммаи шӯъбаҳои таъминоти иҷтимоӣ гузошта мешавад.

4. Дар шаҳрак ва деҳот вазифаи васоят ва парасториро ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот мустақиман анҷом медиҳанд.

Моддаи 149. Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ

Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 150. Маҳалли муқаррар намудани васояту парасторӣ

Васояту парасторӣ аз тарафи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад ё маҳалли истиқомати васӣ ё парастор муқаррар мешавад.

Моддаи 151. Интихоби васӣ ва парастор

1. Ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иҷрои ӯҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.

2. Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ гирифташаванда сурат гирифта метавонад.

Моддаи 152. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

1. Ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васӣ (парастор) таъин карда намешавад. Иҷрои чунин ӯҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳо гузошта мешавад.

Аз ҷониби васӣ (парастор) дар чунин муассиса муваққатан қарор додани кӯдак ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кӯдак қатъ намесозад.

2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот, тарбия ва таълими кӯдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.

3. Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Моддаи 153. Ҳуқуқи кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта

1. Кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:

Ба тарбия дар оилаи васӣ (парастор), ғамхорӣ аз ҷониби васӣ (парастор), зиндагии дар як ҷо бо ӯ, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании ҷумҳурии тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

Ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;

Ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

Ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва дар сурати мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;

Ба ҳимоя аз суиистифодаи васӣ (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин кодекс.

2. Кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин кодекс мебошанд.

Моддаи 154. Ҳуқуқи кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

1. Кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:

Ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, таъмини манфиатҳояшон;

Ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

Ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;

пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории меҳнат.

2. Кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин кодекс мебошанд.

Моддаи 155. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва парастори кӯдаки ноболиғ

1. Васӣ ва парастори кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва ӯҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парасторӣ гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдакон ва тавсияи мақомоти васояту парасторӣ, инчунин ҳангоми риояи талаботи пешбининамудаи қисми якуми моддаи 65 ҳамин кодекс тарбияи кӯдаконро, ки таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.

Васӣ ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кӯдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд муассисаи таълимӣ ва шакли таълимро барои гирифтани маълумоти асосии умумӣ мустақилона интихоб намоянд.

2. Васӣ ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонунӣ кӯдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла аз хешовандони наздики кӯдак баргардонидани кӯдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.

3. Васӣ ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кӯдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо падару модару хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кӯдак нест, монеъ шаванд.

4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва парасторро кодекси граждании ҷумҳурии тоҷикистон муайян мекунад.

5. Eҳдадории васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаки таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта аз ҷониби васӣ (парастор) бемузд анҷом дода мешавад.

6. Ба васӣ (парастор) барои таъминоти кӯдаки таҳти парасторӣ қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон маблағ дода мешавад.

Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васӣ ва парастор дар сурати номатлуб иҷро кардани вазифаашон

1. Агар васӣ ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иҷро кунад, мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парасторро аз иҷрои ин вазифа бартараф месозад.

2. Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани васӣ (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кӯмаки зарурӣ гузоштани шахсони таҳти парасторӣ қарордошта мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии муқaррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.

Моддаи 157. Аз парастории шахси болиғ озод кардани парастор бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта

Парастори шахси болиғи қобили амал, ки ба парасторӣ мӯҳтоҷ аст бо сабаби вазъи саломатӣ ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти васояту парасторӣ дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси таҳти парасторӣ қарордошта шахси дигарро ба сифати парастор таъин намоянд.

Моддаи 158. Шикоят ба қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ

Нисбати қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту парасторӣ шахсони манфиатдор метавонанд аз рӯи тобеият ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят кунанд.

Ф а с л и 7 Асноди ҳолати шаҳрвандӣ (боби 21, моддаҳои 159,160,161,162,163,164,165,166). (хориҷ карда шуд қ ҷт аз 29.04.2006 № 183).

Ф а с л и 8 Истифодаи қонунҳои оила дар муносибатҳои оилавӣ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ

Боби 22 Истифодаи қонунгузории ақди никоҳ ва оила нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ

Моддаи 167. Ақди никоҳ дар қаламрави ҷумҳурии тоҷикистон

1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар қаламрави ҷумҳурии тоҷикистон тибқи қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Шартҳои ақди никоҳ дар қаламрави ҷумҳурии тоҷикистон барои ҳар шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи моддаи 14 ҳамин кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки монеъи ақди никоҳ мегарданд, муайян карда мешаванд.

3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии ҷумҳурии тоҷикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории ҷумҳурии тоҷикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориҷӣ бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад.

4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрвандӣ дар қаламрави ҷумҳурии тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он ҷои истиқомати доимӣ дорад.

Моддаи 168. Ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ

1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии ҷумҳурии тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ дар ҷумҳурии тоҷикистон анҷом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориҷие бошанд, ки дар ҷумҳурии тоҷикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.

Моддаи 169. Эътирофи никоҳе, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон баста шудааст

1. Никоҳҳои шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон ва никоҳҳои байни шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин кодекс пешбинигардида набошанд, дар ҷумҳурии тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

2. Никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар ҷумҳурии тоҷикистон боэътибор дониста мешаванд.

Моддаи 170. Беэътибор донистани никоҳ

Беэътибор донистани никоҳ тибқи моддаҳои 167 ва 169 ҳамин кодекс сурат мегирад.

Моддаи 171. Бекор кардани никоҳ

1. Бекор кардани никоҳи шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бешаҳрвандӣ, инчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурии тоҷикистон тибқи қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон сурат мегирад.

2. Шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон зиндагӣ мекунад, сарфи назар аз шаҳрвандии ӯ, дар суди ҷумҳурии тоҷикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон ба бекор кардани никоҳ дар мақмоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ иҷозат дода мешавад, никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии ҷумҳурии тоҷикистон бекор карда мешавад.

3. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон, бо риояи қонунгузории давлати хориҷии дахлдор салоҳиятнокии мақомоте, ки оиди бекор кардани никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки ҳангоми бекор кардани никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар ҷумҳурии тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

4. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон, бо риояи қонунгузории давлати дахлдор салоҳияти мaқоме, ки дар бораи никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳое, ки бояд ҳангоми бекор кардани никоҳ истифода шаванд, дар ҷумҳурии тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

Моддаи 172. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри амволию амволӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар

1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволию амволӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволию амволӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар ҷумҳурии тоҷикистон мутобиқи қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон муайян карда мешаванд.

2. Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умумӣ ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рӯи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда истифода мешавад.

Моддаи 173. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ)

1. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кӯдак аз рӯи таваллуд шаҳрванди он мебошад.

2.тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон муайян мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар мутобиқи қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон муқаррар намудани падар (модар) дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иҷозат дода шуда бошад, падару модари берун аз ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон истиқоматкунандаи кӯдак, ки ақаллан якеашон шаҳрванди ҷумҳурии тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии ҷумҳурии тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Моддаи 174. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, аз ҷумла ӯҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кӯдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ӯҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кӯдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад.

Моддаи 175. Eҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ва аъзои дигари оила

Eҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ба манфиати падару модарашон, инчунин ӯҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи доимӣ доранд. Дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак чунин ӯҳдадориҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент шаҳрванди он мебошад.

Моддаи 176. Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ

1. Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот мундариҷаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он дар давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамоянд.

Ба мақсади муқаррар намудани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба вазорати адлияи ҷумҳурии тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки ҷумҳурии тоҷикистон муроҷиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) ҷалб намоянд.

2. Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд асноди тасдиқкунандаи мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷиеро, ки онҳо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниҳод намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот дар муқаррар сохтани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ мусоидат кунанд.

3. Агар мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ, сарфи назар аз чораҳои мутобиқи қисми якуми ҳамин модда дидашуда муқаррар нагардад, қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Моддаи 177. Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи оилавии хориҷӣ

Ҳуқуқи оилавии хориҷӣ дар ҳолатҳое истифода бурда намешавад, ки он хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқии (тартиботи оммавӣ) ҷумҳурии тоҷикистон бошад. Дар ин ҳолат қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

Моддаи 178. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон, бинобар мавриди амал қарор гирифтани ин кодекс

Қонунҳои зерини ҷумҳурии тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 19 июни соли 1969 "дар бораи тасдиқ кардани кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1969. № 12, моддаи 102);

Укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1976 "дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 кодекси ҷумҳурии тоҷикистон оид ба никоҳ ва оила" (ведомостҳои советии олии рсс тоҷикистон, соли 1976, № 19, моддаи 244);

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1976 "дар хусуси тасдиқ намудани укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 кодекси ҷумҳурии тоҷикистон оид ба никоҳ ва оила" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1976, № 23, моддаи 282);

Укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 28 августи соли 1980 "дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1980, № 18, моддаи 216);

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1980 "дар хусуси тасдиқ намудани укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1980, № 23, моддаи 250);

Укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 25 марти соли 1982 "дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба моддаи 35 кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1982, № 7, моддаи 51);

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 17 маи соли 1982 "дар хусуси тасдиқ кардани указҳои президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон дар қисмати тасдиқи укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 25 марти соли 1982 "дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 35 кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1982, № 11, моддаи 130);

Укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 10 феврали соли 1984 "дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 27 кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1984, № 4, моддаи 40);

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 17 феврали соли 1984 "дар бораи тасдиқ кардани указҳои президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон "дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" дар қисмати тасдиқ намудани укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 10 феврали соли 1984 "дар бораи дохил кардани тағйирот ба моддаи 27-уми кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" ( ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1984, № 4, моддаи 36);

Моддаи 9 укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 8 августи соли 1984 "дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1984, № 16, моддаи 168);

Фасли 1 укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1984 "дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1984, № 23, моддаи 224);

Фасли 1 укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 27 феврали соли 1985 "дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1985, № 5, моддаи 54);

Фасли 11 укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1985 "дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рӯёнидани алимент барои нигоҳубини кӯдакони ноболиғ" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1985, № 23, моддаи 230);

Фасли 1 укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 28 феврали соли 1987 "дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рӯёнидани алимент барои фарзандони ноболиғ" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1987, № 5, моддаи 76);

Укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 "дар бораи даровардани тағйирот ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии ҷумҳурии тоҷикистон, соли 1990, № 5,. Моддаи 42);

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 "дар хусуси тасдиқи указҳои президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон "дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" дар қисмати тасдиқ намудани укази президиуми совети олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 "дар бораи даровардани тағйирот ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон соли 1990, № 9, моддаи 162);

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 "дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1990, № 9, моддаи 163);

Фасли iii қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 28 августи соли 1990 "дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1990, № 16, моддаи 268);

Фасли yi қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 12 декабри соли 1990 "дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои шӯрои олии рсс тоҷикистон, соли 1990, № 24, моддаи 410);

Фасли 1 қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 "дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии ҷумҳурии тоҷикистон" (ведомостҳои совети олии рсс тоҷикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992 "дар бораи даровардани тағйирот ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ахбори шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон, соли 1992, № 21-22, моддаи 301);

Фасли iy фармони раёсати шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 6 июни соли 1993 "дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон" (протоколи № 166 маҷлиси раёсати шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон);

Фармони раёсати шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 29 июли соли 1993 "дар бораи даровардани тағйирот ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ахбори шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон, соли 1993, № 13, моддаи 272);

Қонуни қумҳурии тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "оид ба тасдиқ намудани фармонҳои раёсати шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи фармони раёсати шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон аз 29 июли соли 1993 "дар бораи даровардани тағйирот ба кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҷумҳурии тоҷикистон" (ахбори шӯрои олии ҷумҳурии тоҷикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 509).

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон (ахбори маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон соли 1998, №22, мод.304)

дар бораи қабули кодекси оилаи ҷумҳурии тоҷикистон Маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон қарор мекунад:

Кодекси оилаи ҷумҳурии тоҷикистон қабул карда шавад.

президенти Ҷумҳурии тоҷикистон э. Раҳмонов

Ш.душанбе, 13 ноябри соли 1998

№ 682 Қарори маҷлиси олии Ҷумҳурии тоҷикистон (ахбори маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон соли 1998, №22, мод.305)

оиди мавриди амал қарор додани кодекси оилаи ҷумҳурии тоҷикистон

Маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси оилаи ҷумҳурии тоҷикистон пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон:

А) дар хусуси бо кодекси оилаи ҷумҳурии тоҷикистон мутобиқсозии санадҳои қонунгузорӣ ба маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

Б) қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистонро бо кодекси оилаи ҷумҳурии тоҷикистон мутобиқ гардонад;

В) аз ҷониби вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ аз нав дида баромадан ва бекор намудани санадҳои меъёрии онҳо, аз ҷумла дастурамалҳояшонро, ки хилофи кодекси оилаи ҷумҳурии тоҷикистон мебошанд, таъмин намояд.

Раиси маҷлиси олии Ҷумҳурии тоҷикистон с. Раҷабов

Ш. Душанбе,13 ноябри соли 1998 №683