Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Президент

  Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 майи соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти гуфтушунидҳо, ки чун анъана дар фазои дӯстона, ҳусни эътимод ва созанда сурат гирифтанд, Президентҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро
15.05.2018 15:30 154

  Муҳтарам Александр Григорйевич,Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Барои Тоҷикистон Беларус шарики муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва хоҳад монд. Қобили зикр аст, ки имрӯз муносибатҳои ду кишвар бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бо суръат рушд мекунанд. Дар мулоқоти имрӯза мо бо Александр Григорйевич муколамаи
15.05.2018 15:27 139

  Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими
15.05.2018 15:25 167

  Шоми 14 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. 15 май маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол
15.05.2018 08:52 238

  14 май дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор шуд. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат муҳтарам
15.05.2018 08:51 236

  14 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия доктор Маҳатҳир Муҳаммад барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Табрикоти самимии маро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Малайзия қабул фармоед. Боиси қайд аст, ки маҳз дар замони сарвазирии
15.05.2018 05:55 264

  12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиёни мулоқот
14.05.2018 09:23 300

  Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо мардуми мусулмони олам, аз ҷумла сокинони кишвари мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор доранд, ки ҳамчун айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб рӯзи 17-уми май фаро мерасад. Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро
14.05.2018 09:16 345

  11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Вотел, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои
14.05.2018 09:05 219