Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқарраротӣ умумӣ

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳоро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятиро ба анҷом мерасонад.

Роҳбарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааства Низомномаи мазкурро таҳти роҳбарӣ қарор медиҳад.

Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра амалӣ менамояд.

II. Ваколатҳо

Кумита ваколатҳои зеринро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият амалӣ месозад:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз рӯи онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳаи фаъолияти Кумита, ки бо банди 1 ҳамин Низомнома муқарраргардида, таалуқ доранд, инчунин лоиҳаи нақшаи кор ва нишондодҳои пешбинишавандаи фаъолияти Кумитаро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- дар якҷоягӣ сохторҳои дахлдор тадқиқоти маҷмӯиро (комплексиро) барои таҳияи минбаъда ва ҳамоҳангсозии иҷрои барномаҳои байниидоравӣ оид ба беҳтар гардонидани вазъи демографӣ ва беҳшавии мавқеи зан мегузаронад;

- фаъолиятро оид ба пайдо ва арзёбӣ кардани роҳҳои навовар ва мубрам дар ҳалли масъалаҳои занон ва оила, ташаккули тафакури мусбати ҷамъиятии вобаста ба мавқеи занон дар ҷамъият ташкил менамояд;

- васоити ахбори оммаро барои пахши иттилоот нисбати мавқеи занон, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, асосҳои баробарҳуқуқии гендерӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим, некӯаҳволии маънавӣ, муносибати масъулиятноки ҷавононро барои барпо намудани оила истифода мебарад;

- фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони байналмилалиро оид ба пешрафти баробарии гендерӣ ва ҳалли масъалаҳои занон ва оила ҳамоҳанг месозад;

- бо мақомоти қонунгузор, мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳарактҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамкорӣ менамояд;

- мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати пешрафти баробарии гендерӣ татбиқ менамояд;

- ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ роҳбарони дахлдори вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро даӣват менамояд;

- муроҷиатҳои шаҳрвандонро вобаста ба салоҳияти худ сари вақт ва бо сифат баррасӣ намуда, аз натиҷаҳои он ба ҷонибҳои дахлдор иттилоот медиҳад;

- Кумита дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул намуда, аз рӯи таш кил ва иҷрои онҳо назорат мебарад;

- бо тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ барои ҷойгир кардани фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин барои гузаронидани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда ба имзо мерасонад;

- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро бо мақсади амалӣ намудани стесати давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд таш кил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои соҳибмулкиро нисбати амвони давлатӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Кумита дода шудааст, амалӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро таш кил медиҳад, таъмин менамояд;

- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомӯзии онҳо, так мили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро таш кил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба такмилдиҳӣ, ҳифз, ба ҳисоб гирифтан ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, антом медиҳад;

- бо тартиби муқарраршуда конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таш кил мекунад;

- вазифаҳои ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳоеро, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъминоти Кумита ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад;

6. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита ҳуқуқ дорад;

- бо тартиби муқарраргардида маълумоти барои қабул кардани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият зарурро дархост намояд ва гирад;

- ба шах сони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шарҳу эзоҳот диҳад;

- бо тартиби муқарраргардида барои омӯхтани масъалаҳои муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) аз ҷумла байниидоравиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳад;

- бо тартиби муқарраршуда нишонҳои тафриқавӣ таъсис дода, бо онҳо кормандонро барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият сарфароз гардонад;

- бо тартиби муқарраршуда барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, паҳнкунии дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият васоити ах бори ом маро таъсис диҳад;

 

III. Ташкили фаъолият

7. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раис сарварӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба Кумита вогузоршуда ва татбиқи сиёсати давлатӣдар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Раиси Кумита 2 муовин, аз ҷумла як муовини аввал ва муовини Раис дорад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Масъулият ва вазифаҳои муовинонро Раиси Кумита муайян мекунад.

Қисматҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита мебошанд.

Дар назди Кумита дар асоси ҷамъиятӣ аз ҳисоби занони фаъол намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ мақоми машваратӣ (Шӯро) таъсис дода мешавад.

Низомномаи шӯро ва ҳайти онро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

 

8. Раиси Кумита:

- пешниҳодотро оид ба номзадҳо ба вазифаҳои муовинони роҳбари Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- дар бораи тағйир додани сохтори Кумита, таъсис додани шӯъбаҳои нав, кам ё зиёд намудани ҳайати кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала мегузорад;

- барои ба вазифа таъин кардан ва аз вазифа озод кардани раисони кумитаҳо ва шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, Ки аз ҷониби раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъин мешаванд, розигӣ медиҳад;

- Низомномаҳои кумитаҳо ва шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро тасдиқ м-енамояд;

- ҳисоботи раисони кумитаҳо ва шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

- кормандони дастгоҳи марказии Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳоро байни хизматчиёни дастгоҳи марказии Кумита тақсим мекунад, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг ва назорат мекунад;

- ҷадвали штатии Кумита, фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, сметаи хароҷоти нигаҳдории Кумитаро дар доираи муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- дар доираи маблағҳои ба давраи дахлдор тасдиқшудаи дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешибинигардида, пешниҳодотро оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Кумита ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва шахсони дигари дар соҳаи муқарраргардида фаъолиятдоштаро барои сарфароз кардан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳо ва фармонҳоро оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита марбутбуда, инчунин дар бораи масъалаҳои ташкилии дохилии фаъолияти Кумита қабул менамояд;

9. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

10. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣбуда дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

11. Маҳали ҷойгиршавии Кумита: 734013 Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мебошад.